Ҳар кас тавба кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро мепазирад ва ҳар кас ба Аллоҳ наздик шавад, Аллоҳ низ ба ӯ наздик мегардад. Пас, эй хоҳари мусулмон, модоме ки ҳидоят ёфтаӣ, ба дин бозгаштаӣ ва ба сӯи Аллоҳ рӯ овардаӣ, пас ба пазируфта шудани тавбаат ва омурзиши Аллоҳ хушбин бош.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَإِنِّي لَغَفَّارٌ لِمَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا ثُمَّ اهْتَدَى
سورة طه: ٨٢
«Ва ба ростӣ, Ман бисёр омурзандаи касе ҳастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад ва сипас ҳидоят ёбад». (Сураи Тоҳо: 82).