Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хариду фурӯши мошинҳои боҳашамат

149821

Таърихи нашр : 18-10-2024

Мушоҳидаҳо : 1229

Савол

Фурӯхтани мошинҳои боҳашамати гаронбаҳо ва инчунин мебели гаронбаҳо чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Ин масъалаест, ки доираи васеъ дорад. Агар харидор тавоно бошад ва ҳадафаш исрофкорву ифтихорварзӣ набошад, балки беҳтарин чизро ба хотири зебоиву зинат бихоҳад ва ӯ сазовори он бошад, чунки пулу қудрат дорад, пас мо дар ин маврид чизеро намедонем, агар ӯ мошини боҳашамат ва ё мебели зебо бихарад, мо дар ин бобат чизеро намедонем, аммо хоксориву фурӯтанӣ кори хуб аст. Агар барои Аллоҳ таъоло фурӯтанӣ кунад ва чизҳои миёнасифатро истифода барад, ин беҳтар ва сарфакортар аст, то битавонад пули зиёдатиро дар садақа, кӯмак ба фақирон ва ширкат дар лоиҳаҳои хайриявӣ сарф кунад.

Хулоса: Сарфакориву муътадилӣ дар умур беҳтар аст.
Агар чизи зебою арзишманде бихарад, аз қабили мошин ё мебел, чунки ӯ тавоност ва бо он зебоиро бихоҳад, на фахру мубоҳот, пас иншоаллоҳ ҳеҷ боке надорад”. Поёни сухан.

Ҷаноби Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

“Фатово нурун ала-д-дарб” (3/1438).

Сарчашма: Ҷаноби Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). "Фатово нурун ала-д-дарб" (3/1438).