Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми азон хондан ба (забони дигар) ғайри Арабӣ

169504

Таърихи нашр : 20-11-2021

Мушоҳидаҳо : 2491

Савол

Ман мехостам бидонам, оё азон хондан ба забоне ғайр аз Арабӣ ҷоиз аст? Масалан ба хотири фаҳмонидан, бароям ҷоиз аст, ки азонро тарҷума намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аксарияти фақеҳон бар ин назаранд, ки азон хондан ба дигар забонҳо ғайр аз забони Арабӣ дуруст нест.

Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳийяти-л-кувайтийя" (11/170) омадааст:

"Тарҷумаи азон: Агар бо забони Форсӣ ва ё бо забони дигаре ғайри Арабӣ азон бихонад, дидгоҳи саҳеҳи ҳанафиёну ҳанбалиён ин аст, ки ин азон дуруст нест, ҳарчанд азон будани он маълум бошад. Аз суханони моликиён низ чунин фаҳмида мешавад, зеро онон бар дурустии азон шарт гузоштаанд, ки он бояд бо лафзҳое, ки Шариат муқаррар кардааст, хонда шавад. Аммо шофеиён бошанд, дар ин мавзӯъ ба тафсил сухан карда, гуфтаанд: Агар барои ҷамоате азон бихонад ва дар миёни онҳо шахсе вуҷуд дошта бошад, ки арабиро хуб медонад, дар ин ҳолат азон бо забони дигар ҷоиз нест. Вале агар дар миёни онҳо шахсе вуҷуд надошта бошад, ки арабиро хуб медонад, дар ин ҳолат азон бо забони дигар ҷоиз аст. Агар барои худ азон бихонад, агар арабиро хуб бидонад, дар ин ҳолат барояш ҷоиз нест, ки бо забони дигар азон бихонад. Аммо арабиро хуб надонад, дар ин ҳолат барояш ҷоиз аст, ки бо забони дигар азон бихонад". Поёни сухан.

Ниг: Бадоеъу-с-саноеъ: (1/485). Аддурру-л-мухтору маъа Ибни Обидин: (1/485). Ал-Маҷмуъ: (3/113). Ал-Инсоф: (1/413).

Аммо тарҷума намудани он ба мақсади таълим ва фаҳмонидани маънои он дар мактабҳо ва амсоли он, ҳеҷ боке надорад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб