Маънои ҳадис: «Ҳар кас манзил ё амволи ғайриманқулеро бифурӯшад ва маблағи онро дар амсоли он қарор надиҳад, барояш дар он (мол) баракат дода намешавад».

Савол 172445

Ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ҳар кас манзил ё амволи ғайриманқулеро бифурӯшад ва сипас маблағи онро дар амсоли он қарор надиҳад, барояш дар он (мол) баракат дода намешавад».

Ин ҳадисро Шайх Албонӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) саҳеҳ донистааст.

Лутфан маънои ҳадисро ба таври муфассал шарҳ диҳед, аз ҷумла маънои "баракат" дар қавли паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) «барояш дар он (мол) баракат дода намешавад» ва маънои «дар амсоли он қарор додан», оё танҳо харидани манзили дигарро дар бар мегирад ё сохтани хона ва обод кардани замини дигарро низ фаро мегирад? Ва чаро аз ин ҳадис ҳаром будани истифодаи маблағи замин дар ғайри харидани замини дигар, сохтани хона ё обод кардани он фаҳмида намешавад?

Лутфан бо тафсил ва далелҳо тавзеҳ диҳед. Аллоҳ бароятон подоши нек ато фармояд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳадиси зикршударо Имом Аҳмад (17990) ва Ибн Моҷа (2481) аз Саид ибни Ҳурайс (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

مَنْ بَاعَ دَارًا أَوْ عَقَارًا فَلَمْ يَجْعَلْ ثَمَنَهَا فِي مِثْلِهِ كَانَ قَمِنًا أَنْ لَا يُبَارَكَ لَهُ فِيهِ

«Ҳар кас манзил ё амволи ғайриманқулеро бифурӯшад ва маблағи онро дар амсоли он қарор надиҳад, сазовори он аст, ки барояш дар он (мол) баракат дода нашавад».
Маънои калимаи : "قمنا" "қамин" сазовор ва қобили воқеъ мебошад.
Ибни Моҷа (2482) низ аз Ҳузайфа ибни Ямон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

مَنْ بَاعَ دَارًا وَلَمْ يَجْعَلْ ثَمَنَهَا فِي مِثْلِهَا لَمْ يُبَارَكْ لَهُ فِيهَا

«Ҳар он кас, ки манзиле бифурӯшад ва маблағи онро дар амсоли он сарф накунад, барояш дар он (мол) баракат дода намешавад».

Шайх Албонӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) ин ҳадисро дар китоби "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (5/326) бо тамоми роҳҳо ва шоҳидонаш ҳасан донистааст.
Муновӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) дар бораи маънои ин ҳадис мегӯяд:
«Ҳар он кас манзиле бифурӯшад…», ба он ишора мекунад, ки ин пул аз дунёи нопойдор аст. Аллоҳ таъоло заминро офарид ва онро манзили бандагон қарор дод. Инсонҳо ва ҷинҳоро барои ибодати Худ офарид ва он чизҳоеро, ки дар замин аст, барои ороиши онҳо қарор дод. «То онҳоро биёзмоем, ки кадом яке аз онҳо некӯкортар аст». Замини дунё барои бисёриҳо мояи санҷиш ва имтиҳон қарор гирифт. «Магар ин, ки Парвардигорат касеро раҳм кунад», ӯро муҳофизат мекунад. Он сабаби гуноҳон гардид ва баракат аз он бардошта шуд. Агар он фурӯхта шавад ва пулаш барои чизҳои дигар сарф гардад, барояш дар он пул баракат дода намешавад, зеро ин бар зидди тадбири Аллоҳ таъоло мебошад, ки заминро ҳамчун макони ором ва субот қарор додааст.

Аммо агар маблағи онро дар амсоли он қарор диҳад, пас корро бар ҳамон тадбире нигоҳ доштааст, ки Аллоҳ таъоло онро барои он муҳайё сохтааст ва аз ҳамон баракате, ки дар он қарор дода шудааст, баҳра хоҳад бурд. Пас, баракат бо тадбири Аллоҳ таъоло нисбат ба офаридагонаш пайвандӣ дорад...   Поёни сухан аз китоби "Файзу-л-қадир" (6/119).

Абуҷаъфари Таҳовӣ (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) гуфтааст:
"Гӯё Ибни Уяйна аз ин бардошт кардааст, ки ӯ ёфтааст, ки Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд: «Ва дар он баракат ниҳод ва ризқу рӯзии онро дар он муайян кард», яъне заминро дар назар дорад. Пас ҳар касе хона ё амволи ғайриманқулро бифурӯшад, ба таҳқиқ он чизеро фурӯхтааст, ки Аллоҳ азза ва ҷалла дар он баракат қарор додааст. Аз ин рӯ, ӯро ҷазо медиҳад ба он чизе, ки ба ҷои он гирифтааст — яъне аз дигар хонаҳо ва биноҳо — барои ӯ дар он баракат қарор намедиҳад. Ва аз Аллоҳ азза ва ҷалла тавфиқ металабем".   Поёни сухан аз китоби "Баёну мушкили-л-осор" (9/206).
Мулло Алӣ Қорӣ гуфтааст:
"Ал-Музҳир гуфтааст: Яъне фурӯши заминҳо ва хонаҳо ва сарф намудани маблағи онҳо ба амволи манқул амали писандида нест, зеро онҳо манфиатҳои фаровон ва осебҳои кам доранд: на дузд онҳоро рабуда метавонад ва на ғорате ба онҳо мерасад, бар хилофи амволи манқул. Аз ин рӯ, шоиста он аст, ки онҳо фурӯхта нашаванд ва агар фурӯхта ҳам шаванд, беҳтар он аст, ки маблағашон дар хариди замин ё хонаи дигаре сарф гардад". Поёни сухан аз китоби "Мирқоту-л-мафотиҳ шарҳу мишкоти-л-масобиҳ": (5/1983).
Дар мавриди ибораи: «ва маблағи онро дар амсоли он қарор бидиҳад», яъне бо он маблағ хона ё амволи ғайриманқул бихарад; зеро маҳз бо хонаҳо ва амволи ғайриманқул замини мурда эҳё мегардад. Фарқе надорад, ки хонаи обод бихарад ё заминеро харида, сипас онро обод намояд, зеро ҳадаф — эҳё ва ободонии замини мурда — дар ҳар ду ҳолат ба даст меояд.

(Аз ҳадисҳои зикршуда ва гуфтори донишмандон бармеояд, ки ҳар кас манзили худро бифурӯшад, шоиста аст, ки маблағи онро боз ба харидани амволи ғайриманқул — монанди хона, квартира ё замин — сарф кунад. Агар ин маблағ барои харидани мошин ё дигар чизҳо масраф гардад, ё бо он ба тиҷорат машғул шавад, эҳтимол дорад дар он мол баракат дида нашавад).

Ин ҳукм дар ҳолате татбиқ мегардад, ки фурӯши амволи ғайриманқул ё хона аз рӯи зарурат набошад. Аммо агар фурӯши он зарурат дошта бошад — масалан, шахс қарзе дошта бошад, ки муҳлати пардохташ фаро расида бошад ё ҳолати дигаре пеш омада бошад — ва ғайр аз ин хона дигар моле надошта бошад, пас ин ҳолат ба ҳадис дохил намешавад; балки бар ӯ воҷиб аст, ки онро фурӯшад ва қарзи худро адо намояд.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Хариду фурӯш

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android