Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оиди беҳтарин китоб дар мавзӯи қиссаҳои паёмбарон мепурсад

175000

Таърихи нашр : 04-07-2020

Мушоҳидаҳо : 3141

Савол

Ман ба номи китоби мӯътабар ва солим аз ҳаргуна тағйирот дар мавзӯи қиссаҳои тамоми паёмбарон эҳтиёҷ дорам. Ташаккур.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар китоби Аллоҳ таъоло (Қуръони Карим) ростарину зеботарин ва боэътимодтарин қиссаҳо оварда шудааст, ки он сухани Аллоҳ таъоло буда, дунёро бо ибратҳову ҳикматҳояш равшан кардааст. Қироати қиссаҳои расулону паёмбарон аз оятҳои Қуръони Маҷид, бузургтарин чизест, ки мусалмон фоидаву хайри бузургеро ба даст меорад. Илова бар он, хонандаи он аҷри азимеро барои тадаббури китоби Аллоҳ таъоло ноил мегардад. Аз ин рӯ, туро насиҳат мекунем, ки ба ин дарвозаи хайр ворид шав, зеро ҳеҷ гоҳ ягон китобе мусалмонро аз китоби Аллоҳ таъоло бениёз карда наметавонад.

Аммо дар бобати китобҳои таълифкардаи олимон дар мавзӯи "Қиссаҳои паёмбарон" аз нигоҳи мо беҳтарини он, маҷмӯаи зерин аст:

Аввал: "Қисасу-л-анбиё"-и Ҳофиз Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (соли вафот 774 ҳиҷрӣ). Шояд ин китоб беҳтарин китоби гузаштагон дар ин мавзӯъ бошад. Ин китоб оятҳои тааллуқдошта ба қиссаи ҳар як паёмбарро дар якҷо ҷамъ намуда, онҳоро бо ҳам аз рӯи тафсирҳо ва аҳодису осори алоқаманд рабт менамояд. Аз ин рӯ, ин китоб, аз китобҳои энсиклопедии шомил ва ботартиб дар зикри ахбори паёмбарон ба ҳисоб меравад. Китоби мазкур инчунин хабарҳои собитнашуда ва исроилиётро низ каме бештар нақл менамояд, вале дар аксари ҳолатҳо ба ин чиз огоҳ менамояд ва онро танҳо бо мақсади мутолиаву муқоиса нақл мекунад. Аз ин рӯ, туро ба хондану мутолиа намудани ин китоб тавсия медиҳем. Агар касе хоҳад, ки беҳтарин таҳқиқи китоби мазкурро мутолиа намояд, бояд ба китоби "Ал-Бидоя ва-н-ниҳая" муроҷиат кунад, ки аз ҷониби нашрияи "Дору Ҳиҷр", зери роҳбариву роҳнамоии доктор Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсин Туркӣ ба чоп расидааст.  Ва китоби "Қисасу-л-анбиё" аз ҷузъи аввали китоби "Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя" гирифта шудааст.

Дувум: "Ал-Аҳодису-с-саҳиҳа мин ахбор ва қисаси-л-анбиё". Иброҳим Муҳаммад ал-Алӣ ин китобро таълиф карда, ҳадисҳояшро тахриҷ намудааст. Нашрияҳои "Дору-л-қалам" дар Димашқ ва "Ад-Дору-ш-шомия" дар Бейрут ба чоп расонидаанд. Китоб аз 276 саҳифа иборат буда, дар мавзӯи худ хело фоиданок мебошад. Китоби мазкур ҳадисҳое, ки қиссаҳои расулону паёмбаронро нақл мекунанд, ҷамъ намуда, онҳоро ба тартиб медарорад ва барои комил гаштани ин қиссаҳо баъзе таълиқотеро ворид менамояд, ки ин аз хосиятҳои ин китоб ба ҳисоб меравад. Муаллиф (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) барои ҷудо намудани аҳодису осори саҳеҳу ҳасан аз ривоятҳои бофтаву дурӯғин кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Шояд он беҳтарин ва фоиданоктарин китоби муосир дар ин мавзӯъ бошад.

Саввум: "Қисасу-л-анбиё"-и аллома Абдурраҳмони Саъдӣ (соли вафот 1376 ҳиҷрӣ). Ин китобчаи кӯчаку мухтасарест, ки аз китоби дигари ин муаллиф бо номи "Тайсиру-л-латифи-л-маннон фӣ хулосати тафсири-л-Қуръон" гирифта шудааст. Дар он қиссаҳои паёмбаронро чигунае, ки дар Қуръони Карим омадааст, бо ихтисор зикр намуда ва дар охири ҳар як қисса, фоидаҳои онро хулосагирӣ карда, онро зикр менамояд.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб