Чоршанбе 20 Шаъбон 1446 - 19 Феврал 2025
Тоҷикӣ

Ҳукми намози таҳияи масҷид

181099

Таърихи нашр : 19-01-2025

Мушоҳидаҳо : 936

Савол

Оё таҳияи масҷид воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Таҳияи масҷид дар назди аксари донишмандон суннат аст. Баъзе донишмандон дар ин масъала иҷмоъро нақл намудаанд.

Аз Абуқатода (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар гоҳ яке аз шумо вориди масҷид шавад, то ду ракъат намоз нагузорад, нанишинад».   Ривояти Бухорӣ (1167) ва Муслим (714).

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Донишмандон бар мустаҳаб будани таҳияи масҷид иҷмоъ намудаанд. Бе узр таҳияи масҷид нахонда нишастан макруҳ аст, зеро дар ҳадиси Абуқатода манъ будани он ба таври возеҳ баён шудааст ... ". Поёни сухан аз китоби "Ал-Маҷмуъ" (3/544).

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Имомони фатво иттифоқ кардаанд, ки дастур (-и паёмбар ба хонандаи таҳияи масҷид) бар мустаҳаб будани он далолат мекунад. Ибни Баттол аз зоҳириён нақл кардааст, ки он воҷиб аст, дар ҳоле ки изҳороти Ибни Ҳазм бар хилофи он аст..".

Поёни сухан аз китоби "Фатҳу-л-борӣ" (1/ 538, 539). Ниг: "Ал-Муҳалло" (2/7).

Дар фатовои Кумитаи доимӣ (7/137) омадааст:

"Барои касе, ки дар ҳар вақт вориди масҷид мешавад, суннат аст, ки намози таҳияи масҷид бихонад, чунки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар гоҳ яке аз шумо вориди масҷид шавад, то ду ракъат намоз нагузорад, нанишинад».   Муттафақун алайҳ (ривояти Бухорӣ ва Муслим)". Поёни сухан.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Дидгоҳи воҷиб будани намози таҳияи масҷид дидгоҳи қавӣ аст, аммо наздиктарин дидгоҳ ин аст, ки он суннати муаккада аст. Илму дониш дар назди Аллоҳ таъоло аст". Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу-л-фатово" (14/354).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб