Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё қурбонӣ кардани ҳайвони бордор ҷоиз аст?

Савол

Оё ҳалол аст, ки ҳайвони бордорро қурбонӣ кунем? Агар ин чиз ҷоиз бошад, пас бо ҷанин чи кор кунем?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал: 

Қурбонӣ яке аз шиорҳои Ислом аст, ки бо китоби Аллоҳ таъоло, суннати расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва иҷмоъи мусулмонон машрӯъ шудааст. Дар фатвои рақами (36432 ) ин масъала баён карда шуда буд.

Ҳамчунин дар баёни шартҳои қурбонӣ ба фатвои рақами (36755) руҷӯъ карда шавад.

Дуввум:

Донишмандон оиди ҷоиз будани қурбонии баҳимату-л-анъом (шутур, гов, гӯсфанд ва буз)-и бордор ихтилоф кардаанд. Ҷумҳури донишмандон ин қурбониро ҷоиз донистаанд ва бордор будани ҳайвонро ба унвони айбҳои қурбонӣ, ки монеи дурустии он шавад, зикр накардаанд.

Шофеиён мухолифат варзида, қурбонии ҳайвони бордорро манъ кардаанд.

Дар китоби "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳияту-л-кувайтия" (16/281) омадааст:

"Ҷумҳури фақеҳон бордор буданро айбе дар қурбонӣ надонистаанд, бар хилофи шофеиён, ки ба таври возеҳ гуфтаанд, қурбонӣ кардани он дуруст нест ва кифоят намекунад, зеро бордорӣ сабаби фосид шудани шикам буда, дар натиҷа гӯшт вайрон мешавад". Поёни сухан.

Дар китоби "Ҳошияту-л-буҷайримӣ ъала-л-хатиб" (4/335), ки аз китобҳои шофеиён аст, омадааст:

"Ва ҳайвони бордор кифоят намекунад ва ин дидгоҳи муътамад (яъне дар мазҳаби шофеия) аст, зеро гӯшти ҳайвони бордор кам мешавад ва танҳо дар закот онро комил донистаанд, зеро ҳадаф дар закот насл аст, на покизагӣ ва хубии гӯшт". Поёни сухан бо каме тағйирот.

Саҳеҳтарин дидгоҳ ин аст, ки қурбонӣ намудани ҳайвони бордоре аз ҷинси баҳимату-л-анъом ҷоиз аст, агар монеаи дигаре дар он набошад.

Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Қурбонӣ кардани гӯсфанди бордор дуруст аст, ҳамон тавре ки қурбонӣ кардани ғайри бордор дуруст аст, ба шарте ки аз айбҳои қурбонӣ, ки дар Шариат ворид шудаанд, солим бошад". Поёни сухан аз "Фатово ва расоил"-и Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим (6/146).

Агар ҷанин ба ҳоли зинда берун ояд, забҳ карда мешавад ва баъд хӯрда мешавад.

Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (9/321) гуфтааст: "Агар зинда ва устувор берун ояд, ба тавре, ки имкони забҳ кардан бошад, вале онро забҳ накунад, то он ки бимирад, забҳшуда ҳисобида намешавад. Аҳмад гуфтааст: Агар зинда берун ояд, бояд забҳ карда шавад, зеро он як нафси дигаре аст". Поёни сухан.

Вале агар мурда берун ояд, ҷумҳури донишмандон бар ин назаранд, ки он ҳам хӯрда мешавад, зеро бо забҳи модараш, он ҳам забҳ шудааст.

Абудовуд (2828), Тирмизӣ (1476), Ибни Моҷа (3199) ва Аҳмад (10950) аз Абусаид, аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардаанд, ки мефармояд: «Забҳи ҷанин ҳамон забҳи модараш аст».   Тирмизӣ ин ҳадисро саҳеҳ шуморидааст. Ҳамчунин Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (3431) саҳеҳ донистааст.

Ин - чуноне ки зикр кардем - мазҳаби ҷумҳури донишмандон ба истиснои ҳанафиён аст.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия дар "Маҷмуъу фатово" (26/307) гуфтааст:

"Қурбонӣ кардани ҳайвони бордор ҷоиз аст. Агар ҷанинаш мурда берун ояд, пас забҳи он, ҳамон забҳи модараш аст. Ин дидгоҳи Шофеӣ, Аҳмад ва дигарон аст. Фарқе надорад, ки мӯи бадани ҷанин руйида бошад ё на, вале агар зинда берун ояд, бояд забҳ карда шавад.

Мазҳаби Молик чунин аст: Агар мӯи бадани ҷанин руйида бошад, ҳалол аст, вагарна на. 

Дар назди Абуҳанифа баъд аз берун омадан бояд забҳ карда шавад, вагарна ҳалол нест". Поёни сухан.

Ин масъала қаблан ботафсил баён шуда буд ва қайд кардем, ки баъзе аз донишмандон хӯрдани ҷанинро аз нигоҳи тиббӣ макруҳ донистаанд. Ба фатвои рақами (182410) руҷӯъ карда шавад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

Мавзӯҳои алоқаманд