Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Чӣ тавр ба ҳамсоягони гунаҳкораш кӯмак бикунад?

1963

Таърихи нашр : 28-08-2024

Мушоҳидаҳо : 1413

Савол

Дар маҳаллае, ки ман зиндагӣ мекунам, одамони ниёзманд зиёданд. Агар онҳо аз ман пул талаб кунанд, ки алҳамду лиллоҳ, ки ҳоло дорам, оё ман метавонам ба онҳо бидиҳам ва ман медонам, ки бо он пул на танҳо ғизо, балки маводи мухаддир ва машруботи масткунанда ҳам мехаранд? Бояд қайд кард, ки бархе аз ин ниёзмандон мусалмонанд. Баъзе одамон ба ман мегӯянд, ки ман набояд ба онҳо пул бидиҳам, то дар наздам собит бишавад, ки онҳо (бо он пул) ягон чизи номашрӯъ ва ҳаромро харидорӣ намекунанд. Дигарон мегӯянд, ки ман бояд ба пул додан идома бидиҳам ва онҳоро бо ҳикмат даъват намоям. Аллоҳ барои посухатон ба шумо подоши некӯ бидиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шумо метавонед чизҳоеро, ки ба онҳо ниёз доранд, аз қабили ғизо, либос ва ғайра бихаред ё онҳо худашон чизҳои мубоҳро мехаранд ва шумо маблағи ҳисобро пардохт мекунед. Дар даъвату насиҳат ва панд додани онҳо идома бидиҳед, зеро ҳаққи ҳамсоягон бар зиммаи шумо бузург аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ҷабраил дар мавриди ҳамсоя ба ман чунон васият мекард, ҳатто гумон бурдам, ки ӯро меросбар хоҳад кард».   Муттафақун алайҳ. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид