Агар ин чизҳо бӯи хуш надошта бошанд, истифодаи онҳо манъ нест, зеро он чи дар ҳолати ихром мамнӯъ аст — бӯи хуш ё молидани чизе, ки бӯи хуш дорад, яъне атр.
Ибни Қудома дар мавриди маҳзуроти эҳром гуфтааст: агар бадан ё либосашро хушбӯй намояд (ё хушбӯӣ бимолад). Мақсад аз хушбӯй молидан: агар шахс ба пӯсташ чизеро ки бӯи хуш дорад, бимолад, ин ҷоиз намебошад, зеро он ба пӯст часпида, бӯи худро нигоҳ медорад.