Оё он фазилате, ки бар асоси он падару модари ҳофизи Қуръон бо тоҷи каромат сарфароз мегарданд, ба падаркалони ӯ низ тааллуқ дорад?

Савол: 201387

Оё ҳофизи Қуръон ҳамроҳ бо падару модараш падаркалону модаркалони худро низ бо тоҷ сарфароз мегардонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Аҳмад (ҳадиси рақами 15645, нашри "Ар-Рисола") ва Абудовуд (рақами 1241) — ва ин лафз аз они ӯст — аз Муоз ибни Анас Ҷуҳанӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

«Касе ки Қуръонро бихонад ва ба он чи дар он омадааст, амал кунад, дар рӯзи қиёмат тоҷеро бар сари падару модараш мепӯшонанд, ки равшании он аз равшании хуршед дар хонаҳои дунё — агар он дар миёни шумо мебуд — равшантар аст. Пас агар подоши падару модари ҳофизи Қуръон чунин бошад, пас чӣ гумон доред дар бораи подоши худи ӯ?»

Ин ҳадисро Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) заиф шуморидааст, аммо муҳаққиқони китоби "Муснад" (нашри "Ар-Рисола") онро ба далели ривоятҳои таъйидкунанда ҳасан лиғайриҳ донистаанд.

Аҳмад (22950) аз Бурайдаи Асламӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи соҳиби Қуръон фармудааст:
«Рӯи сараш тоҷи виқор (шараф, каромат) ниҳода мешавад ва ба падару модараш ду либосе пӯшонида мешавад, ки аҳли дунё арзиши он либосҳоро баҳо дода наметавонанд. (Яъне аҳли дунё қодир нестанд қимату арзиши онро пурра адо кунанд, ҳатто агар тамоми дороиву ганҷинаҳои ҷаҳонро барои ин мақсад гирд оваранд). Онҳо мегӯянд: "Чаро ин либосҳо ба мо пӯшонида шудааст?" Ба онҳо гуфта мешавад: "Ба хотири он ки фарзандатон Қуръонро ҳифз кардааст". Сипас ба ӯ гуфта мешавад: “Бихон ва дар дараҷаҳои биҳишт ва қасрҳои он боло бирав”. Пас ӯ ҳамчунон боло меравад, то даме ки мехонад — хоҳ бо шитоб бихонад ё ботартил».

Муҳаққиқони "Муснад" (нашри "Ар-Рисола") мегӯянд: "Санади ин ҳадис ба хотири мутобаъот (пайдарпайи ривоёт) ва шавоҳиди он ҳасан аст, зеро дар санади ҳадис Башир ибни Мухоҷир Ал-Ғанавӣ вуҷуд дорад, аммо боқимондаи ривояткунандагон эътимоднок ва аз ровиёни Бухорӣ ва Муслим мебошанд. Ҳамчунин Ҳафиз Ибни Кисир ин ҳадисро дар "Тафсир"-и худ (1/62) ҳасан шуморидааст. Ва барои баъзе ривоёт шавоҳид вуҷуд дорад, ки дурустии ҳадисро қавӣ ва эътимоднок мекунанд".

Аз рӯи ҳадисҳои қаблӣ бармеояд, ки фазилат танҳо ба волидайн (падару модар)-и мустақими ҳофизи Қуръон тааллуқ дорад, зеро ҳангоми шунидани калимаи "волидайн" аввалин чизе, ки ба зеҳн мерасад, ҳамин маъност. Аз ҳамин сабаб дар матн онҳо бо шакли мусанно (дугона) зикр шудаанд. Агар дигарон низ дохил мебуданд, ҳатман ин истилоҳ ба шакли ҷамъ зикр мешуд.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android