Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё занон бояд азону иқомат бихонанд?

20225

Таърихи нашр : 26-11-2021

Мушоҳидаҳо : 2513

Савол

Лутфан ба ман бигӯед, оё барои занҳо азону иқомат хондан пеш аз ин ки танҳо ва ё дар ҷамоат бо ҳамроҳии дигар хоҳарон намоз гузоранд, фарз ё воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз кумитаи доимӣ оид ба фатводиҳӣ пурсиданд: Оё иқомат хондан бар зан машрӯъ аст, агар ба занон имоматӣ кунад?

Дар ҷавоб гуфтанд:

Бар занҳо иқомат барои намоз машрӯъ нест, хоҳ танҳо намоз бихонанд ва ё яке аз онон ба дигар занон имоматӣ кунад ва ҳамчунин азон гуфтан бар онҳо машрӯъ нест.

Фатово-л-лаҷнату-д-доима: 6/84.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд: Оё барои зан ҷоиз аст, ки дар намозаш азону иқомат бихонад ва ё на?

Шайх (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин ҷавоб дод:

Барои зан машрӯъ нест, ки дар намозаш азону иқомат бихонад, балки ин махсуси мардон аст. Аммо барои занон азону иқомат машрӯъ намебошад, балки бе азону иқомат намоз мехонанд.

"Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиа" (10/356).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб