Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Раҳмати Аллоҳ ба бандагонаш

Савол

Аллоҳ бениҳоят меҳрубон аст. Ман шунидам, ки Аллоҳ моро 70 маротиба зиёдтар аз муҳаббати модар нисбати кӯдакаш дӯст медорад. Оё ин дуруст аст? Лутфан тавзеҳ намоед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло бахшандаи меҳрубон ва меҳрубонтарини меҳрубонон аст, ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَرَحْمَتِي وَسِعَتْ كُلَّ شَيْءٍ

سورة الأعرف: ١٥٦

«Ва раҳматам ҳама чизро фаро гирифтааст».   (Сураи Аъроф: 156).

Дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аллоҳ сад раҳмат дорад. Аз он (сад раҳмат) як раҳматеро миёни ҷинҳо, инсонҳо, чорпоён ва ҳашарот нозил кардааст, ки бо он як раҳмат ба якдигар меҳрубонӣ менамоянд ва ба ҳамдигар раҳм мекунанд ва бо ҳамин раҳмат ҳайвоноти ваҳшӣ ба фарзандони худ раҳм менамоянд. Аллоҳ таъоло наваду нӯҳ раҳмати худро нигаҳ доштааст, ки бо он (наваду нӯҳ раҳмат) дар рӯзи қиёмат бандагони худро раҳм менамояд».   Муслим / 6908.

Аз Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Асиронеро назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оварданд. Зане дар миёни асирон ба ин сӯ ва он сӯ медавид. Ногаҳон кӯдакеро дар миёни асирон дид, пас он кӯдакро ба оғӯшаш гирифта, ба ӯ шир дод. Онгоҳ расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо фармуд: «Оё ин зан фарзандашро ба оташ мепартояд?» Гуфтем: На, қасам ба Аллоҳ. Имкон надорад чунин коре бикунад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Ҳамоно Аллоҳ ба бандагонаш аз ин модар нисбат ба фарзандаш меҳрубонтар аст».

Муттафақун алайҳ, Бухорӣ (5653) ва Муслим (6912).

Яке аз раҳматҳои Аллоҳ бар бандагонаш ин аст, ки паёмбаронро фиристод ва китобҳову шариатҳоро нозил кард, то зиндагии онҳо дар роҳи рост, дур аз сахтиву машаққат ва тангӣ пеш равад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ

سورة الأنبياء: ١٠٧

«Ва (эй паёмбар) туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем».   (Сураи Анбиё: 107).

Раҳмати Аллоҳ таъоло ҳамон чизест, ки бандагони мӯъминашро дар рӯзи қиёмат вориди биҳишт мекунад. Ҳеҷ кас танҳо бо амалаш вориди биҳишт намешавад, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳеҷ касе аз шумо бо амали худ вориди биҳишт намешавад». Саҳобагон гуфтанд: Эй расулуллоҳ! Ҳатто шумо ҳам? Фармуд: «На, ҳатто ман ҳам (бо амали худ вориди биҳишт намешавам), магар ин ки Аллоҳ маро бо фазлу раҳмати худ бапӯшонад. Аз ин рӯ, роҳи дурустро пеша бигиред ва (дар анҷом додани он зиёдравӣ ва ё кӯтоҳӣ нанамоед балки) миёнаравӣ кунед. Ҳаргиз касе аз шумо орзӯи марг накунад, агар некӯкор бошад, шояд бар некиҳояш биафзояд ва агар гунаҳкор бошад, шояд тавфиқи тавба биёбад».   Ривояти Бухорӣ (5349) ва Муслим (7042).

Пас мӯъмин бояд байни умед ба раҳмати Аллоҳ ва тарс аз азоби Ӯ қарор дошта бошад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

نَبِّئْ عِبَادِي أَنِّي أَنَا الْغَفُورُ الرَّحِيمُ ❁ وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ الْعَذَابُ الْأَلِيمُ

سورة الحجر: ٤٩ - ٥٠

«Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки яқинан Ман омурзандаи меҳрубонам. Ва ин, ки азоби Ман азоби дарднок аст».   (Сураи Ҳиҷр: 49 - 50).

Аммо дар мавриди сухани шумо: "Аллоҳ моро ҳафтод маротиба зиёдтар аз муҳаббати модар нисбати кӯдакаш дӯст медорад". Аллоҳ оиди ин донотар аст. Бароямон кофист, ки бидонем, ки раҳмати Аллоҳ ҳама чизро фаро гирифтааст.

Эй Аллоҳ, моро бо раҳмати худ раҳм намо, эй меҳрубонтарини меҳрубонон

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб