Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Номҳое, ки Аллоҳ таъоло паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бо он номгузорӣ кардааст

Савол

Оё Аллоҳ таъоло барои паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) номи Муҳаммадро ихтиёр намуда ва дар тақдираш навистааст? Оё Аллоҳ таъоло номҳои зеринро бар паёмбараш гузоштааст: Аҳмад, ал-Моҳӣ, ал-Ҳошир, ал-Ъоқиб ва дигар номҳо, ё ин ки худи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои худ ин номҳоро гузоштааст? Оё паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пеш аз паёмбариаш худро бо номи Аҳмад муаррифӣ мекард, ва оё он дар назди мардум маълум буд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мусулмон имон дорад, ки ҳама чизи дар ин дунё сурат гиранда аз хурду калон, бузургу ночиз, ҳамааш аз назди Аллоҳ ва бо ҳукму тақдири Ӯ мебошад.

Чуноне, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ    القمر/49 

"Ҳаройина мо ҳар чизеро ба андоза офаридаем".   (Сураи Қамар: 49).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَكُلُّ صَغِيرٍ وَكَبِيرٍ مُسْتَطَرٌ   القمر/53 ،

"Ва ҳар кори кӯчаку бузурге навишта шудааст". (Сураи Қамар: 53).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ   الصافات/96.

"Ва Аллоҳ таъоло шуморо ва ҳам он чизеро, ки анҷом медиҳед, офаридааст".   (Сураи Соффот: 93).

Аз ин қоида ягон чизи дар дунё буда хориҷ намешавад ва аз ҷумла номгузории паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо ин номҳои шариф низ. Ҳароина ин аз ихтиёр ва тақдири илоҳӣ мебошад. Мо дар ин бобат далелҳои зиёде дорем:

Далели аввал: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) чун асҳобашро аз номҳояш хабар дод, ӯ аз он ваҳйе, ки барояш ваҳй мешуд, сухан мекард ва аз пеши худ чизеро нагуфтааст. Чуноне, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَا يَنْطِقُ عَنِ الْهَوَى. إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَى    النجم/3-4.

"Ва аз рӯи ҳавои нафс сухан намегӯяд. Он чӣ мегӯяд, чизе ҷуз ваҳй, ки бар Ӯ нозил шудааст, нест".   (Сураи Наҷм: 3-4).

Далели дувум: Бисёре аз ин номҳо дар Қуръони Карим ворид шудаанд ва Қуръони Карим каломи Аллоҳ аст. Он номҳое, ки Аллоҳ таъоло барои паёмбари Акрам Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) интихоб намудааст, баёнгари бузургӣ ва бошарафии ин паёмбари бузург мебошад.

Суютӣ номҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бо тариқаи иштиқоқ намудан аз сифатҳо ва амалҳо шуморидааст, ки адади он ба сесаду чиҳилу чанд ном расид. Ва ин номҳоро ба чанд қисм тақсим намудааст: Аввал, номҳое, ки дар Қуръони Карим ба таври возеҳ зикр шкдаааст, монанди Аҳмад ва Муҳаммад ...   Поёни сухан.

Китоби "Ар-Риёзу-л-аниқаҳ" (саҳ: 7).

Далели саввум: Ва чун бисёр он чизеро, ки дар ин мавзӯ нависта шудааст аз назар гузаронидем, фаҳмиши саҳобагон ва уламо дар ин мавзӯ чунин буд:

Бухорӣ дар "Ат-Ториху-л-авсат" (1/13) ривоят намуда гуфтааст: Қутайба ба мо гуфт: Суфён аз Алӣ ибни Зайд ривоят карда гуфтааст: Абутолиб мегуфт:

فشق له من اسمه ليجله *** فذو العرش محمود وهذا محمد

Барои ӯ аз номи худ, ном гирифт, то ки ӯро бузург гардонад. Соҳиби "Арш" Маҳмуд асту Ӯ Муҳаммад.

(Аллоҳ таъоло аз номи худ, ки Маҳмуд аст, номи Муҳаммадро гирифта бар паёмбар гузошт, то ки мақоми ӯро баланд гардонад).

Ин байт ба Ҳассон ибни Собит (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) нисбат дода шудааст, ки гуфтааст:

" أغر عليه للنبوة خاتم *** من الله من نور يلوح ويشهد

Бузургвор (яъне паёмбар) дар китфи ӯ мӯҳрест нуронӣ, аз ҷониби Аллоҳ, зоҳиру намудор.

(Аллоҳ дар байни китфҳои паёмбар "муҳри паёмбарӣ" гузоштааст, ки он нуронӣ ва зоҳиру намудор аст).

وضم الإله اسم النبي لاسمه *** إذ قال في الخمس المؤذن أشهد

Худо номи паёмбарро ба номи худ ҳамроҳ намуд. Ҳар вақте, ки муаззин панҷ вақт "Ашҳаду" бигӯяд.

(Аллоҳ номи паёмбарро ҳамроҳи номи худ қарор дод, ҳар вақте ки муаззин панҷ вақт "Ашҳаду" гуфта азон бигӯяд, аввал номи Аллоҳ баъд номи паёмбарро ба забон меорад).

وشق له من اسمه ليجله *** فذو العرش محمود وهذا محمد

Барои ӯ аз номи худ, ном гирифт, то ки ӯро бузург гардонад. Соҳиби "Арш" Маҳмуд асту Ӯ Муҳаммад.

(Аллоҳ таъоло аз номи худ, ки Маҳмуд аст, номи Муҳаммадро гирифта бар паёмбар гузошт, то ки мақоми ӯро баланд гардонад).

Китоби "Аш-Шифо"-и қозӣ Иёз (1/460).

Имом Зуҳрӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Аллоҳ ӯро Рауфу (нармдил) Раҳим (меҳрубон) номидааст".   Ривояти Муслим (6177).

Абу-л-аббоси Қуртубӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Номҳояшро аз ваҳй гирифтааст, ба ҷуз он номҳое, ки Аллоҳ бар ӯ гузоштааст, бар ӯ номи дигар гузошта намешавад. Поёни сухан.

Китоби "Ал-Муфҳим" (6/150).

Ибну-л-Арабии Моликӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Ҳаройина Аллоҳ таъоло,  паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бо тадбири худ, нақша кашида ва ба Ӯ якчанд номҳояшро гузоштааст. Агар қадри чизе бузург бошад, номҳои он низ бузург мегардад. Поёни сухан.

Китоби "Оризату-л-аҳвазӣ" (10/281).

Қозӣ Иёз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Аллоҳ таъоло ба паёмбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фазилат бахшид, ки номи ӯро дар китоби худ ва бо забони паёмбарон бо адади зиёд зикр намуда, онро ҳаловат бахшидааст. Поёни сухан.

Китоби "аш-Шифо" (1/459).

 Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)  гуфтааст:

Қозӣ Иёз гуфтааст, ки номи расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пеш аз ба вуҷуд омадан ва номи Муҳаммадро гирифтан, Аҳмад буд. Зеро Аҳмад номида шудани ӯ дар китобҳои гузашта зикр шудааст ва Муҳаммад номида шудани ӯ бошад дар Қуръони Азим зикр шудааст. Аз ин рӯ, ӯ Парвардигорашро ҳамду сано хондааст, пеш аз он ки мардум Ӯро ситоиш кунанд. Ва ҳамчунин дар охират Парвардигорашро ҳамду сано мехонад ва Аллоҳ ӯро шафоатгар мегардонад ва (чун мардумро шафоат кард) мардум ӯро ситоиш хоҳанд кард. Хос барои ӯ сураи ал-Ҳамд (Фотиҳа)-ро нозил намуд ва парчами ҳамд (дар рузи қиёмат барои ӯ дода мешавад ва ҳама ҳамдгуён аз қафои ӯ саф мекашанд) ва мақоми "Маҳмуд"-ро (шафоъат намудан дар рӯзи қиёмат) барои ӯ хос гардонид. Аллоҳ Таъоло барои ӯ баъд аз хӯрдану нӯшидан, баъди дуъо ва баъди аз сафар омадан "ҳамд" гуфтанро, машрӯъ гардонидааст. Ва уммати ӯро "Ҳамдгуяндаҳо" номида, барои ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳама маъноҳо ва намудҳои "ҳамд"-ро ҷамъ намудааст. Поёни сухан.

Китоби "Фатҳу-л-борӣ"-и Ибни Ҳаҷар (6/555).  

Шумо метавонед, фатвоҳои (139531) ва (153824)-ро дар сомонаи мо аз назар гузаронед, дар он фатвоҳо шарҳу тафсилоти бештаре зикр карда шудааст.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб