Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми табрику таҳният намудан ба муносибати соли нави ҳиҷрӣ

Савол

Табрику таҳният намудан ба муносибати соли нави ҳиҷрӣ бо ибораи "куллу ъомин ва антум бихайр" ё дуои баракат, ба монанди ин ки ба шахсе паёме бифиристад ва барои соли наваш дуои хайру баракат кунад, чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин  (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Ҳукми табрику таҳният намудан ба соли ҳиҷрӣ чист ва ба табриккунанда чӣ гуна бояд посух дод?

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин ҷавоб дод:

Агар касе туро табрик кунад, ба ӯ посух бидеҳ, вале худат табрикотро оғоз макун. Ин аст дидгоҳи дуруст дар ин масъала. Масалан, агар касе ба ту бигӯяд: "Мо шуморо ба ин соли нав табрик мекунем". Дар ҷавоб бигӯ: "Аллоҳ бароят хайр бидиҳад ва ин солро соли хайру баракат гардонад". Аммо ту табрикотро оғоз макун, зеро ман ягон ривоятеро намедонам, ки гузаштагонамон якдигарро ба муносибати соли нав табрик карда бошанд. Балки бояд бидонед, ки гузаштагонамон моҳи Муҳаррамро ба унвони аввали соли нав қарор надоданд, магар дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод). Поёни сухан.

Манбаъ: Ҷавоби саволи рақами 853, аз диски "Мавсуъату-л-лиқои-ш-шаҳрӣ ва-л-боби-л-мафтуҳ" нашри аввал, дидори ҳармоҳаи Шайх, нашри Мактабу-д-даъвати ва-л-иршод дар шаҳри Унайза.

Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр оиди табрику таҳният намудан бо фарорасии соли нави ҳиҷрӣ гуфтааст:

Дуо намудан барои мусулмон бо дуои мутлақе, ки ибораи он дар муносабот, мисли идҳо лафзи тааббудӣ нест, ҳеҷ боке надорад, хусусан агар мақсад аз он табрикот дӯстиву муҳаббат ва изҳори шодиву хушҳолӣ ба чеҳраи мусулмон бошад.

Имом Аҳмад (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Ман табрикотро оғоз намекунам, вале агар касе маро табрик кунад, ба ӯ посух медиҳам, зеро ба салом ҷавоб додан воҷиб аст, аммо оғоз намудани табрикот (яъне аввалин шуда табрик кардан) суннате нест, ки ба он амр шуда бошад ва инчунин он чизе нест, ки манъ шуда бошад.

Ислом савол ва ҷавоб

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб