Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми тавофи видоъ барои шахси нотавон ва зани ҳайзшуда

Савол

Оё тавофи видоъ барои зани ҳайзшуда, зани нифосшуда, нотавон ва бемор воҷиб аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Тавофи видоъ барои зани ҳайзшуда ва нифосшуда воҷиб нест, аммо шахси нотавонро бардошта (ва ё ба чизе савор карда) тавоф мекунонанд ва ҳамчунин бемор, чунки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Ҳеҷ яке аз шумо (аз Макка) берун нашавад, магар ин ки охирин амалаш тавофи хонаи Каъба бошад». 

Ҳамчунин дар "Саҳиҳайн" (Саҳиҳи Бухорӣ ва Саҳиҳи Муслим) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) омадааст: «Ба мардум амр шудааст, ки охирин амалашон (дар ҳаҷ) тавофи хонаи Каъба бошад, магар зани ҳайзшуда, ки барои ӯ сабукӣ дода шудааст». 

Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки зани нифосшуда монанди зани ҳайзшуда аст, ки тавофи видоъ бар ӯ воҷиб намебошад.

Сарчашма: Фатово-л-лаҷна: 11/307