Масъулияти зан дар назди падару модараш

Савол 21737

Зани шавҳардор дар назди падару модараш чӣ масъулияте дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Масъулияти зани шавҳардор дар назди падару модараш аз масъулияти ҳар зани дигар фарқе надорад. Ҳуқуқи падару модар пеш аз издивоҷ ва пас аз он низ ба ҷойи худ боқӣ мемонад. (Яъне масъулияти зани шавҳардор дар баробари падару модар мисли ҳар фарзанди дигар аст ва пас аз издивоҷ ин масъулият тағйир намеёбад ва ҳуқуқи падару модар ҳамчунон маҳфуз мемонад). Аммо дар сурати мухолифат миёни итоати шавҳар ва итоати падару модар, итоати шавҳар авлотар аст.

Агар фармони падару модар бо фармони шавҳар мухолифат кунад, дар ин сурат фармони шавҳар муқаддам аст. Бо вуҷуди ин, бар шавҳари мусулмон ва зани мусулмон воҷиб аст, ки кӯшиш намоянд аз ба миён омадани ихтилоф миёни фармони онҳо ва фармони падару модар пешгирӣ кунанд ва барои ба вуҷуд овардани ҳамоҳангӣ миёни худ ва падару модарашон талош варзанд.

Аз ҷумлаи масъулиятҳое, ки зани шавҳардор дар муносибат бо падару модараш бояд ба ҷо оварад, ин аст, ки гоҳ-гоҳ ба дидори онҳо равад ва барояшон туҳфаҳои муносиб тақдим кунад, ҳатто агар арзиши моддии туҳфа зиёд набошад. Ҳангоми зиёрати онҳо низ бояд талош намояд, ки бо шӯру ғавғо ва бозии кӯдаконаш онҳоро нороҳат насозад ва аз ба миён гузоштани ихтилофоти зиндагии заношӯӣ назди онҳо худдорӣ кунад.

Шайх Муҳаммад Ад-Дувайш
Агар падару модараш ба таъминоти молӣ ниёз дошта бошанд ва ӯ имкони молӣ дошта бошад, бар ӯ воҷиб аст, ки ба қадри тавонаш хароҷоти онҳоро ба ӯҳда гирад. Агар ӯ маблағ надошта бошад, аз шавҳари дорояш хоҳиш намояд, ки ба падару модараш кӯмак кунад, иншааллоҳ, барои чунин иқдомаш савоб хоҳад гирифт, зеро ин низ аз ҷумлаи некӣ ва эҳсон ба падару модар ба шумор меравад.

Сарчашма

Некӣ ба волидайн

Сарчашма: 

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android