Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Шартҳои амали солеҳ

Савол

Барои солеҳ шудани амал кадом шартҳо бояд иҷро шаванд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Шинқитӣ гуфтааст:

Сухани Аллоҳ таъоло дар ин ояи карима «онон, ки корҳои шоиста мекунанд» (Каҳф/30) бо оятҳои дигар баён карда шудааст ва он оятҳо далолат мекунанд, ки амал танҳо бо се умур солеҳу шоиста мешавад:
Аввал: Амал бояд мувофиқи он чизе, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ ва оли ӯ бод) овардааст, бошад. Аз ин рӯ, ҳар амале, ки мухолифи равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бошад, амали солеҳ ҳисобида намешавад, балки ботил мебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا ءَاتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ 

سورة الحشر: ٧

«Ва он чи ки паёмбар ба шумо дод, онро бигиред».   (Сураи Ҳашр: 7).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

مَّنْ يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ الله

سورة النساء: ۸۰

«Ҳар кас паёмбарро итоат кунад, дар ҳақиқат Аллоҳро итоат кардааст».   (Сураи Нисо: 80).

Аллоҳ таъоло боз фармудааст:

أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ شَرَعُوا لَهُمْ مِنَ الدِّينِ مَا لَمْ يَأْذَنْ بِهِ الله

سورة الشورى: ٢١

«Оё (мушрикон) маъбудоне доранд, ки барои онон дину оинеро муқаррар кардаанд, ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст».   (Сураи Шуро: 21).

Ғайр аз ин оятҳо, боз оятҳои дигар (дар ин мавзӯъ) мавҷуданд.

Дуввум: Шахс дар амале, ки анҷом медиҳад, байни худ ва Аллоҳ мухлис бошад. (Яъне шахс бояд дар амалҳои худ ихлос дошта бошад ва онро танҳо ба хотири Аллоҳ таъоло анҷом бидиҳад).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا أُمِرُوا إِلا لِيَعْبُدُوا اللهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ

سورة البينة: ٥

«Ва онон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро мухлисона ва бар пояи ойини тавҳидӣ, дар ҳоле ибодот кунанд, ки дин ва ибодатро махсуси Ӯ бидонанд».   (Сураи Баййина: 5).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

قُلْ إِنِّي أُمِرْتُ أَنْ أَعْبُدَ اللهَ مُخْلِصًا لَّهُ الدِّينَ وَأُمِرْتُ لِأَنْ أَكُونَ أَوَّلَ الْمُسْلِمِينَ قُلْ إِنِّي أَخَافُ إِنْ عَصَيْتُ رَبِّي عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ قُلِ اللهَ أَعْبُدُ مُخْلِصًا لَّهُ دِينِي فَاعْبُدُوا مَا شِئْتُم مِّن دُونِهِ

سورة الزمر: ۱۱-١٥

«Бигӯ: "Ман дастур ёфтаам, ки Аллоҳро мухлисона ва дар ҳоле парастиш кунам, ки дин ва ибодатро махсуси Ӯ бидонам. Ва фармон ёфтаам, ки нахустин мусалмони (ин уммат) бошам". Бигӯ: "Ман агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам, аз азоби он рӯзи  бузург метарсам". Бигӯ: "Аллоҳро мухлисона ва дар ҳоле парастиш мекунам, ки ибодатамро махсуси Ӯ мегардонам. Пас шумо ҳар чиро, ки мехоҳед, ба ҷои Ӯ парастиш кунед"».   (Сураи Зумар: 11 - 15).

Ғайр аз ин оятҳо, боз оятҳои дигар (дар ин мавзӯъ) вуҷуд доранд.

Саввум: Амал бояд бар пояи имон ва ақидаи дуруст бунёд шуда бошад, зеро амал монанди сақф (шифти хона) аст ва ақида монанди поя (таҳкурсии хона) аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

مَنْ عَمِلَ صَالِحاً مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ

سورة النحل: ٩٧

«Ҳар кас аз мард ё зан кори неке анҷом бидиҳад ва мӯъмин бошад».   (Сураи Наҳл: 97).

Дар ин оят, Аллоҳ таъоло имонро қайди пазириши амал қарор додааст.

Оятҳои зиёде мафҳуми ин қайдро баён намудаанд, монанди сухани Аллоҳ таъоло дар мавриди амалҳои ғайримӯъминон, ки мефармояд:

وَقَدِمْنَا إِلَى مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا

سورة الفرقان: ٢٣

«Ва Мо ба (баррасии) амалҳое, ки анҷом додаанд, мепардозем ва ҳамаро чун зарраҳои хок барбод медиҳем».   (Сураи Фурқон: 23).

Ҳамчунин мефармояд:

أَعْمَالُهُمْ كَسَرَابٍ

سورة النور: ۳۹

«Амалҳояшон монанди саробест».   (Сураи Нур: 39).

Боз мефармояд:

أَعْمَالُهُمْ كَرَمَادٍ اشْتَدَّتْ بِهِ الرِّيحُ فِي يَوْمٍ عَاصِفٍ

سورة إبراهیم: ۱۸

«Амалҳояшон монанди хокистарест, ки дар рӯзи тӯфонӣ тундбоде (боди сахте) бар он бивазад».   (Сураи Иброҳим: 18).

Дар ин бора оятҳои зиёде вуҷуд доранд, чунонки дар боло шарҳ дода шуд.

Сарчашма: "Азвоу-л-баён" (4/9-10)