Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ дар мавриди китобҳое, ки оиди зиндагиномаи саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) суҳбат мекунанд, мепурсад

223077

Таърихи нашр : 29-07-2021

Мушоҳидаҳо : 2029

Савол

Ман китобҳоеро мехоҳам, ки дар мавриди зиндагиномаи саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) сӯҳбат кунад ва тамоми муҳтавои он китобҳо саҳеҳ бошад, то ман аз нодуруст будани он натарсида ба мардум нақл кунам. Шумо ба ман чӣ тавсия медиҳед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Китобҳое, ки дар мавриди зиндагиномаи саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) навишта шудаанд, хеле зиёд ва гуногунанд, ки зиндагӣ, ибодат, зуҳд, вараъ, дониш, ҷиҳод, сабр, фаҳмиши дақиқ ва бузургии ҳолати эшонро дар фармонбардории Аллоҳу расул ва эҳтироми фармони Аллоҳу расул баррасӣ мекунанд.

Ҳар китобе, ки дар ин мавзӯъ таълиф шудааст, аз чизҳои заиф холӣ нест ва наметавон ба собит будани он ҷазм намуд, аммо донишмандон дар ривояти хабарҳо (гуфтор ё кирдор)-и саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) ки аҳком аз онҳо гирифта намешавад, саҳлангорӣ намудаанд (ва дар ин амр сахтгирӣ накардаанд), инчунин дар ривоятҳои китобҳои зиндагинома ва таърих саҳлангорӣ намудаанд. Хабарҳо оиди зуҳди баъзе аз саҳобагон, ҷиҳоди ӯ, тавсифи намозҳои шаби ӯ ва ё сабри ӯ дар муқобили азияти мардумон ва амсоли инҳо аз ҷумлаи чизҳоест, ки дар ривояти он саҳлангорӣ карда шавад.

Беҳтарин китобҳое, ки дар ин мавзӯъ навишта шудаанд, инҳоянд:

- "Фазоилу-с-саҳоба"-и Имом Аҳмад ибни Ҳанбал.

- "Сияру аъломи-н-нубало"-и Ҳофиз Заҳабӣ.

- "Ал-Исоба фӣ маърифати-с-саҳоба"-и Ҳофиз Ибни Хаҷар Асқалонӣ.

- "Суварун мин ҳаёти-с-саҳоба"-и Устод Адурраҳмон Раъфат Бошо.

- Маҷмӯаи китобҳои Доктор Алӣ Муҳаммад Саллобӣ оиди зиндагиномаи саҳобагон, аз қабили халифаҳои чаҳоргона (хулафои рошидин), Ҳасан ибни Алӣ, Абдуллоҳ ибни Зубайр ва дигар саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод).

- Маҷмӯае аз китобҳои Доктор Аҳмад Халил Ҷумъа:

1. "Фурсонун мин асри-н-нубувва".

2. "Риҷолу аҳли-л-байт".

3. "Уламоу-с-саҳоба".

4. "Нисоу аҳли-л-байт фӣ завъи-л-қуръони ва-л-ҳадис".

- "Ҳаёту-с-саҳоба"-и Кандаҳлавӣ, таҳқиқи Доктор Башшор Аввод, чопи Муассисату-р-рисола.

- "Мавсуъату ҳаёти-с-саҳобати мин кутуби-т-турос"-и Муҳаммад Саид Мубайиз.

- Силсилаи "Аълому-л-муслимин" ки чопхонаи "Дору-л-қалам"-и Димишқ онро нашр мекунад. Дар он силсила зиндагиномаи якчанд саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод)-ро зикр кардаанд.

Лутфан барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи рақами (96231) нигаред.

     Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб