Фурӯши чизҳои ҳаром, монанди сигор, маҷаллаҳои фаҳшомез ва он нашрияҳое, ки ба беҳаёгӣ ва фисқу фасод даъват мекунанд, ҷоиз нест, ҳатто агар онҳо аз ҷониби мусалмонон нашр шуда бошанд. Зеро ҳар гоҳ Аллоҳ таъоло чизеро ҳаром гардонад, пули онро низ ҳаром месозад. Инчунин, кор кардан дар чунин маҷаллаҳо низ ҷоиз нест, зеро ин амал навъе аз ҳамкорӣ дар гуноҳ ва таҷовуз ба ҳисоб меравад. Даромад дар ин ҳолат ҳаром мебошад.
Бояд инсон дар хӯроку нӯшокӣ ва тамоми хароҷоти худ аз Аллоҳ таъоло битарсад (ва тақворо пеша намояд).
Фурӯши бензин раво аст ва дар он ҳеҷ ишколе вуҷуд надорад. Аммо андозҳо, агар маҷбурӣ бошанд, пас шахси маҷбуршуда маъзур шуморида мешавад.