Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё шустани либосҳои нав пеш аз пӯшидани он суннат аст?

225234

Таърихи нашр : 14-10-2024

Мушоҳидаҳо : 1362

Савол

Шунидаам, ки шустани либосҳои нав қабл аз аввалин бор пӯшидани он суннат аст. Оё ин дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар суннати паёмбар мустаҳаб будани дуо ҳангоми пӯшидани либоси нав омадааст, аз ин рӯ мусулмон мегӯяд:

اللَّهُمَّ لَكَ الْحَمْدُ، أَنْتَ كَسَوْتَنِيهِ، أَسْأَلُكَ مِنْ خَيْرِهِ، وَخَيْرِ مَا صُنعَ لَهُ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّهِ، وَشَرِّ مَا صُنعَ لَهُ 

“Аллоҳумма лака-л-ҳамду, анта касавтаниҳи, асъалука мин хайриҳи ва хайри мо суниъа лаҳу, ва аъузу бика мин шарриҳи ва шарри мо суниъа лаҳ”.

(Эй Аллоҳ, ситоиш аз они Туст. Ту онро ба ман пушонидаӣ. Аз Ту хайру некии он ва хайри он чиро, ки барои он сохта шудааст, мехоҳам. Ва ба Ту аз шарри он ва шарри он чи, ки барои он сохта шудааст, паноҳ мебарам).

Ривояти Аҳмад (11248) ва Абудовуд (4520). Албонӣ ин ҳадисро дар “Саҳиҳу-л-ҷомиъ” (4664) саҳеҳ донистааст.
Дар ин бора қаблан дар фатвои рақами (138421) ва (139146) равшанӣ андохта шуда буд.

Дар мавриди шустани либосҳои нав пеш аз пӯшидани он, мо чизеро дар суннат намедонем, ки бар мустаҳаб будани он далолат бикунад ва аз гузаштагону донишмандон касеро намедонем, ки ин корро мустаҳаб дониста бошад ва ё ба он роҳнамоӣ карда бошад.

Аммо шояд аз нуқтаи назари тиббӣ тавсия дода шавад, зеро пизишкон тавсия медиҳанд, ки пеш аз пӯшидани либосҳои нав, бахусус либосҳои зер ва либосҳои кӯдакона, аз сабаби бактерияҳо ё ифлоскунандаҳои кимиёвӣ, ки метавонанд ба онҳо часпида бошанд, шустани онҳо зарур аст.

Ин чиз ҳеҷ боке надорад, агар фоидаву манфиаташ собит шавад. Шариъати Ислом инро манъ намекунад, зеро шариъати Ислом бо қоидаҳои умумӣ омадааст, ки ҳифзи саломатӣ ва покизагии баданро тақозо мекунад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб