Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми бахшидани савоби амали солеҳ ба ҳамаи мусулмонон

226347

Таърихи нашр : 12-01-2022

Мушоҳидаҳо : 2243

Савол

Шахсе дар миқот (макони эҳромбандии ҳоҷиён) эҳром пӯшид ва савоби умраро ба мусулмонон ният намуд. Оё умраи ӯ қабул аст? Оё савобаш ба мусулмонон мерасад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар масъалаи бахшидани савоби амалҳои солеҳ ба мусулмони зинда ё мурда байни олимон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) ихтилофи назар вуҷуд дорад. Дар гузашта низ дар ин сомона доир ба ин мавзӯъ сухан карда будем. Дидгоҳи дурусттар он буд, ки савоби амалҳо ба майит намерасад, ба ҷуз амалҳое, ки шариат онро истисно намудааст, ба монанди садақа ва дуо, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَأَنْ لَيْسَ لِلْإِنْسَانِ إِلَّا مَا سَعَى     سورة النجم: 39 

«Ва ин ки барои инсон подоше нест, ҷуз он чи худ кардааст».   (Сураи Наҷм: 39).

Авлотар ин аст, ки бахшидани савоби амали нек ба тамоми мусулмонон дуруст нест. Балки Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин бора гуфтааст, ки чунин тарзи бахшидани савоби амали нек аз ягон гузаштагонамон ворид нашудааст.

Аз Шайху-л-ислом Ибни Таймия пурсиданд: Марде ҳар гоҳ Қуръонро хатм намояд ва ё каме аз он қироат кунад, мегӯяд: Эй Аллоҳ, савоби он чизеро, ки қироат кардам, аз номи ман ҳамчун ҳадя ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ба тамоми мардуми рӯи замин, аз машриқ то мағриб, бирасон. Оё ин ҷоиз ва ё мустаҳаб аст? Оё бояд ба анҷомдиҳандаи ин амал инкор кард? Оё аз уламои исломӣ касе ин амалро анҷом додааст?

Шайху-л-ислом дар ҷавоби ин савол гуфт: "... Бахшидани савоби тиловати Қуръон ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ё ба тамоми мардуми рӯи замин, мисли бахшидани савоби рӯзаи нофила, намози нофила ва ё монанди онҳо мебошад. Ба қавли дигар, мисли  бахшидани савоби садақа, озод намудани ғулом ва ҳаҷ ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ба дигар мусулмонон мебошад. Вале дар ягон ривояте наомадааст, ки яке аз гузаштагон, саҳоба, тобеин ва ё тобиъу-т-тобиъин (пайравони тобеин) чунин карда бошанд. Аз ривоятҳо маълум мешавад, ки нахустарин касе, ки ба ин монанд амалеро анҷом додааст, Алӣ ибни Ал-Муваффақ,  яке аз шайхҳо аз табақаи Аҳмаду-л-кибор ва шайхҳои Ҷунайд аст. ...

Вале дар мавриди бахшидани савоби амалҳо ба тамоми мусулмонон, аз касе нашунидаам, ки чунин карда бошад. Инчунин нашунидаам, ки касе савоби амалҳояшро ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бахшида бошад. Ба ҷуз он чизе, ки аз Алӣ ибни Ал-Муваффақ ва ҳаммаслаконаш омадааст. Ба саҳобагону тобеин ва тобиъу-т-тобиъин (пайравони тобеин) пайравӣ намудан авлотар аст. Шоиста аст, ки инсон амалҳои машрӯъ, мисли дуруду салом ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро анҷом бидиҳад, ин ҳамон чизест, ки Аллоҳ (дар Қуръон) ва расули Ӯ дар ҳадисҳо ба он амр намудаанд. Дар ҳадисе омадааст: «Дар шабу рӯзи ҷумъа ба ман зиёд дуруд фиристед, зеро дуруди шумо ба ман пешкаш мешавад».

Дар фазилати дуруд бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) - падару модарам фидои ӯ бод - осори зиёде омадааст, ки ин мавзеъ барои зикри он тангӣ мекунад. Ҳамчунин дуо намудан дар ҳаққи мардону занони мӯъмин ва талаби мағфират кардан барои онҳо, амалҳое ҳастанд, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар ҳадис  омадаанд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَاسْتَغْفِرْ لِذَنْبِكَ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ     سورة محمد: 19 

«Ва барои гуноҳони худ ва барои мардону занони мӯъмин омурзиш бихоҳ».  (Сураи Муҳаммад: 19).

Аз ин рӯ, барои мӯъмин сазовор аст, ки амалҳои шаръиро ҷустуҷӯ намояд. Аллоҳ донотар аст". Поёни сухан аз китоби "Ҷомиъу-л-масоил"-и Ибни Таймия (4/209-213).

Аз ин лиҳоз, савоби умраро ба тамоми мусулмонон бахшидан машрӯъ (мувофиқи шариат) нест. Вале шахсе, ки ин амалро кардааст, дар ҳаққаш дуо мекунем, ки Аллоҳ таъоло барои ин нияти некаш подоши некӯ бидиҳад. Бояд чунин амалро бори дигар анҷом надиҳад ва ба он чизе, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бароямон машрӯъ гардонидааст, иктифо кунад, чуноне ки Шайху-л-ислом гуфтааст: "Барои мӯъмин сазовор аст, ки амалҳои шаръиро ҷустуҷӯ намояд".

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб