Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми ба духтар номи модарашро гузоштан

228211

Таърихи нашр : 26-02-2021

Мушоҳидаҳо : 2002

Савол

Ман бо нияти нек ба духтарам номи модарашро гузоштам. Оё дар Ислом ҷоиз аст, ки ба духтар номи модарашро гузорем ва ба он калимаи “хурд”-ро илова кунем. Масалан: Наволи хурд. Ҳукми он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар гузоштани номи модар ба духтари худ ҳеҷ ҳараҷе нест, агар номи модар аз ҷумлаи номҳои мустаҳаб ва ҷоиз бошад. Зеро асос дар номҳо мубоҳ ва ҷоиз аст. Ягон номе мамнӯъ нест, модоме ки дар шариат манъ карда нашуда бошад, мисли номҳое, ки барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунад, ё номҳои зишту нафратангез.

Мо ягон далели шаръиеро намедонем, ки ба духтар гузоштани номи модарашро манъ кунад.

Шайх Сулаймон Ал-Моҷид (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) гуфтааст:

Дар шариат ягон далелеро намедонам, ки ба духтар гузоштани номи модарашро манъ кунад. Аз ин хотир, ҳеҷ боке дар он нест.   Поёни сухан.

Изофа кардани калимаи “хурд” бар ном, барои фарқ кардани духтару модар, ҳеҷ мушкиле надорад.

Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) яке аз духтарони худро бо номи ҳамсараш Фотима, духтари паёмбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) номгузорӣ кардааст.

Фотима модари ӯ набуд, балки ӯ духтари зани дигаре буд, яъне духтари яке аз канизони Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) буд.

Аз ин хотир, яке аз онҳо Фотимату-с-суғро (Фотимаи хурд) ва дигаре Фотимату-л-кубро (Фотимаи калон) номида шуд, то онҳоро фарқ кунанд.

Ниг: “Таҳзибу-т-таҳзиб” (7/136).

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб