Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Замонату кафолати амонат

22830

Таърихи нашр : 07-05-2020

Мушоҳидаҳо : 1537

Савол

Агар мусофир бошиву, шахсе расонидани маблағе ё чизеро ҳамчун амонат ба шахси дигар, бароят диҳад ва ту дар ин асно он амонатро нафаҳмида гум кардӣ, шояд бо сабаби дуздӣ бошад ё чизи дигар, ки бе иродаат ба вуқуъ омадааст, дар ин ҳолат, он маблағ ё он чизро бояд баргардонӣ? Лутфан равшанӣ андозед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар мавриди ин амонат, инсон дар он, шахси амонатнигаҳдор ва боэътимод аст. Агар чунин бошад, барояш воҷиб аст, ки онро муҳофизат намояд, зеро Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд:

 إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا    النساء / 58

"Аллоҳ таъоло шуморо амр менамояд, ки амонатҳоро (ба таври комил) ба соҳибонашон адо намоед (баргардонед)".   (Сураи Нисо: 58).

Ҳифз кардани амонат низ, аз ҷумлаи адо намудани он аст. Аз ин рӯ, бояд онро эҳтиёткорона дар ҷояш ҳифз намояд.

Агар амонатро дар ҷое, ки маҳз дар онҷо ҳифз карда мешавад, нигаҳ дорад ва нисбати он таҷовуз ва беаҳамиятӣ накунад, (таҷовуз, нисбати он амалҳои ноҷоизро анҷом додан, беаҳамиятӣ, нисбати он амалҳои воҷибро анҷом надодан) дар ин ҳолат чизе бар ӯ воҷиб нест. (Яъне, чизеро бар намегардонад).

Аммо агар беаҳмиятӣ карда, онро дар ҷояш ҳифз накунад, ё таҷовуз намуда, онро дар макони эмин нагузорад, дар ҳоле ки метавонист онро дар макони эмин гузорад, ё нисбати он тасарруф кунад, ё онро истифода барад. Сипас баъди чунин ҳолатҳо, агар амонат дуздида шавад, дар ин ҳолат он шахс замонати онро ба ӯҳда мегирад (ва онро бар мегардонад).

Зобит ва қоида дар ин масъала, таҷовузу беаҳамиятӣ аст. Агар таҷовузу беаҳамиятӣ накарда бошад, замонати онро ба ӯҳда намегирад. (Яъне, ӯ дар ин ҳолат арзиши онро  пардохт нахоҳад кард).

Сарчашма: Шайх, доктор Холид Ал-Мушайқеҳ