Шанбе 22 Ҷумода-л-уло 1446 - 23 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Чӣ гуна мусулмон талаби илмро оғоз мекунад?

230969

Таърихи нашр : 19-09-2021

Мушоҳидаҳо : 2865

Савол

Насиҳати шумо ба шахсе, ки мехоҳад талаби илмро оғоз кунад, чист? Чӣ гуна бояд ин корро анҷом бидиҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Чӣ гуна ба талаби илм оғоз намудани мусулмон, яке аз амалҳои муҳим аст. Пас барои толибилм зарур аст, ки саъю талош намояд, то ибтидои илмомӯзиаш дуруст бошад, то ин ки ба роҳи рост равад ва вақту кӯшиши ӯ барбод нашавад.

Ҳадаф аз талаби илм он аст, ки мусулмон худ ва дигаронро ислоҳ кунад. Сазовор аст, ки ибтидои толибилм сараввал ба корҳои муҳим барои худаш бошад ва баъд барои шахсоне, ки дар атрофи ӯ қарор доранд.

Қадами аввал:

Барои толибилм зарур аст, ки сараввал ба азхуд кардани каломи Аллоҳ шурӯъ кунад, зеро он сарчашмаи асосии дини Аллоҳ таъоло аст. Пас ба қадри тоқату имконияти худ ба азёд намудани Қуръони карим машғул мешавад ва ба фаҳмидани он чизе, ки аз ёд мекунад, аҳамият медиҳад. Дар ин боб, ӯро ба хондани  тафсири Шайх Абдурраҳмони Саъдӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) тавсия мекунем, зеро муаллифи ин китоб ба дуруст будани ақидааш машҳур гаштааст ва ҳамчунин тафсири ӯ бо услуби равон ва осонфаҳмӣ маъруф аст.

Ба толибилм зарур аст, ки дар ин вақт ба хондани ақида ва фиқҳ кӯшиш кунад, зеро ба таъхир гузоштани ин ду мумкин нест, ба хотири эҳтиёҷ доштани толибилм ба ин ду, ҳам барои худ ва ҳам барои насиҳат ва роҳнамоии атрофиёни худ.

Аммо дар бобати ақида бошад, омӯзиши тадриҷии онро дар фатвои рақами (226903 ) гуфта гузаштем.

Аммо фиқҳ бошад, беҳтар аст, ки толибилм ба хотири умури зерин омӯзиши мазҳабе, ки дар муҳиташ паҳн ва густариш ёфтааст, оғоз кунад:

1- Барои толибилм пайдо намудани устоди бомаҳорате, ки ӯро роҳнамоӣ мекунад ва ӯро таълим медиҳад, осон мебошад.

2- Таълим гирифтани мазҳаби кишвари худ, толибилмро бар даъват кардани мардуми кишвари худ ба роҳи ҳақ, ёрӣ мекунад, зеро ӯ бо ин роҳ имконият пайдо мекунад, то аз китобҳо ва суханони олимони он кишвар, ҳангоми эҳтиёҷ истифода кунад.

Бинобар ин, дар муҳити худ устоди дар дину илм боэътимодро ҷустуҷӯ мекунед ва дар назди ӯ ба таълим гирифтани осонтарин матни он мазҳаб шурӯъ мекунед. Устод дидгоҳҳои саҳеҳтарини мазҳабро ба шумо таълим медиҳад ва шуморо ба далелҳои ҳар як масъала ба таври ихтисор, роҳнамоӣ мекунад. Шуморо аз бисёр гуфторе, ки дар ибтидои илмомузӣ фоида надорад, дур мегардонад.

Қадами дуввум:

Бо ҳамроҳии азёд намудани сарчашмаи аввали шариат, ки он Қуръони карим аст, ба азёд намудани сарчашмаи дуввуми шариат, ки ҳадиси паёмбар аст, шурӯъ мекунед. Аввал илми муҳимтарро шурӯъ мекунед, баъд аз он илми муҳимро оғоз менамоед.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст:

Ягон китобе, аз китоби Аллоҳ афзал нест ва бародаронамро тарғибу ташвиқ мнамоям, ки ба азёд намудан, фаҳмидан ва амал кардани Қуръони карим аҳамият бидиҳанд. Саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) аз даҳ оят намегузаштанд, то ин ки илму амали дар он бударо таълим бигирифтанд, илму амалро якҷоя таълим мегирифтанд.

Баъд аз он ба ҳадисҳои саҳеҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аҳамият додан лозим аст. Маълум  аст, ки ҳадисҳои саҳеҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бениҳоят зиёданд. Толибилми навомӯз ва ё миёна наметавонад ҳамаи онро азхуд кунад.

Вале метавон ба баъзе китобҳое, ки дар ин боб навишта шудаанд, руҷӯъ намуд, ба монанди китоби "Умдату-л-аҳком"-и Абдулғании Мақдисӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод), китоби "Ал-Арбаъуна-н-нававия"-и Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)  ва дигар намуд китобҳои мухтасар. Сипас баъд аз он, китобҳои каме дарозтарро шурӯъ мекунад, ба монанди китоби "Булуғу-л-маром" ва "Ал-Мунтақо мин ахбори-л-мустафо". Баъди он, китобҳои ҳадис, монанди китоби "Саҳиҳ"-и Бухорӣ" ва "Саҳиҳ"-и Муслимро зиёд мехонад.

Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу фатово ва расоил"-и Ибни Усаймин (26/375-376).

Баъд аз он ки бино намудани пойгоҳи мустаҳками фиқҳро ба охир расондидед ва аз муҳимтарин масъалаҳои ақидавӣ огоҳӣ пайдо намудед, худро барои чуқур омӯхтани шариати Аллоҳ ва шинохтани ихтилофот ва чигуна аз байни масъалаҳо, масъалаи дурустарро ихтиёр намудан, омода месозед. Барои чуқур омӯхтани шариати Аллоҳ, баъзе олатҳо вуҷуд доранд, ки ба он кӯмак мекунанд ва бениёзӣ аз он мумкин нест ва онҳоро улуми олат меноманд. Муҳимтарини онҳо илми сарфу наҳв ва илми усули фиқҳ ва илми ҳадис мебошад.

Дар мавриди илми ҳадис бошад, фатвои рақами (153227 )-ро аз назар гузаронед, зеро дар он фатво чи гуна омӯхтани илми ҳадис ба таври муфассал баён карда шудааст.

Дар мавриди илми усули фикҳ беҳтар аст, ки толибилм китобҳои усули фиқҳи мазҳабашро тадриҷан биомӯзад. Аз  устоди худ маслиҳат пурсед, ӯ шуморо ба чи гуна омӯхтани усули фиқҳ роҳнамоӣ мекунад.

Аммо дар мавриди илми сарфу наҳв бошад, дар ибтидо китоби "Ал-Аҷуррумия" ва шарҳи он "Ат-Туҳфату-с-санния"-и Шайх Муҳйиддин Абдулҳамид (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод)-ро таълим мегирад.

Сипас китоби "Қатру-н-надо ва баллу-с-садо"-и Ибни Ҳишом.

Пас аз он китоби "Алфийяту ибни молик" бо шарҳи Ибни Ақил  (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Шайх Ибни Усаймин  (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст:

Аммо дар мавриди илми наҳв, аввалан китобҳои мухтасарро мехонад, ба монанди китоби "Ал-Аҷуррумия", ки ин китоби мухтасари бобаракату фоиданок аст, чунон тақсим карда шудааст, ки толибилми навомӯз метавонад онро аз худ бикунад, хоссатан, агар Аллоҳ барояш шахсеро муяссар кунад, ки онро барояш шарҳ диҳад. Баъд аз он, ӯро тавсия  мекунам, ки китоби "Алфийя"-и Ибни Молик (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)-ро азёд кунад ва маънояшро бифаҳмад, зеро он "Алфийя" (ҳазорбайта)-и бобаракат аст ва дар он хайри зиёд вуҷуд дорад. Поёни сухан аз "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Усаймин (23/376).

Ба ин китобҳо китоби дигареро, ки тафсилоти бештаре оиди бобҳои илми сарф дошта бошад, ки муаллифи "Алфийя" онро баррасӣ накардааст, изофа мекунад. Барои худ китоби осонро ихтиёр мекунад.

Қадами саввум:

Баъд аз он, ки толибилм ба муҳимтарин олатҳои иҷтиҳод огоҳӣ пайдо намуд, ба марҳилаи омӯзиши амиқ дар шинохти ихтилофот ва роҳҳои афзал шуморидани як раъй бар раъйи дигар, чӣ дар илми фиқҳ бошад, чӣ дар тафсир, ё шарҳи ҳадисҳо,  шурӯъ мекунад.

Бар толибилм зарур аст, ки худро бо одобу ахлоқи толибилмӣ ороста бикунад ва дар ин бобат, дар сомонаамон дар фатвои рақами (10324 ) маълумоти васеъ зикр карда шудааст.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб