Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Барои мусулмони нав иваз кардани ном чӣ аҳмияте дорад?

23273

Таърихи нашр : 10-12-2020

Мушоҳидаҳо : 1762

Савол

Барои мусулмони нав иваз кардани ном чӣ аҳмияте дорад? Номи арабӣ аз номи исломӣ чӣ фарқ дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Номҳо дорои маъноҳо ҳастанд, ҳар як инсон дар аксарияти вақт аз номи худ насибе дорад. Аз ин хотир, инсон бояд номҳои неки хушмаъноеро барои худ ва барои фарзандони худ интихоб намояд, то аз номи худ насибе дошта бошад.

Ислом барои Араб ва ғайри Араб омад. Барои мусулмони нав номи арабиро гирифтан шарт нест. Балки чизи муҳим ин аст, ки набояд номи зишт ё номе, ки маънояш хилофи шариъат аст, дошта бошад. Бисёре аз форсҳо аз румиҳо исломро қабул карданд ва бар номҳои худ боқӣ монданд ва онро тағйир надоданд. Балки номи бисёре аз паёмбарон арабӣ набуд, чунки онҳо араб набуданд.  

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд:

Оё шахсе, ки мусулмон мешавад, бояд номи пешинаи худ, ба монанди Ҷорҷ, Ҷусиф ва ғайраро тағйир диҳад?

Дар ҷавоб гуфт:

Тағйир додани номаш зарурӣ нест, магар дар ҳолате, ки ном барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунад, вале ба номи беҳтар иваз кардани он машрӯъ мебошад. Бинобар ин агар номи худро аз номи хориҷӣ ба номи исломӣ тағйир бидиҳад, ин беҳтар аст, аммо воҷиб нест.   

Агар номи ӯ Абдулмасеҳ (бандаи Масеҳ) ва ба монанди он бошад, бояд тағйир дода шавад. Аммо агар ном барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагиро ифода накунад, ба монанди Ҷорҷ, Пулис ва ғайра, тағйир додани он зарурӣ нест, зеро ин номҳо байни насоро ва дигарон муштарак аст. Аз Аллоҳ тавфиқ аст.

"Фатово исломийя" (4/404).

Ба ҷавоби саволи рақами (14622) нигаред.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб