Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Донишмандон дар ҳукми рӯзаи нофила пеш аз рӯзаи қазоӣ ихтилоф кардаанд.
Баъзе аз донишмандон бар ин назаранд, ки анҷом додани нофила пеш аз қазо дуруст нест ва анҷомдиҳандаи он гунаҳкор аст. Иллати онро чунин баён кардаанд: Нофила пеш аз фариза анҷом дода намешавад.
Баъзе аз донишмандон ин амалро ҷоиз медонанд, модоме ки вақти фариза кам нашавад. Онҳо гуфтаанд: Модоме ки вақт васеъ бошад, метавонад нофиларо анҷом бидиҳад, чуноне ки пеш аз намози фариза намози нофила мехонад. Масалан вақти намози пешин пас аз завол дохил мешавад ва ҳар гоҳ сояи ҳар чиз мисли худаш шавад, ба охир мерасад. Инсон метавонад намози пешинро то охири вақт ба таъхир бияндозад ва дар ин муддат барояш ҷоиз аст, ки намози нофила бихонад, зеро вақт васеъ аст.
Ин дидгоҳи аксарияти фақеҳон аст ва Шайх Муҳаммад ибни Усаймин ин дидгоҳро баргузида, гуфтааст: "Ин дидгоҳ дурусттар ва ба ҳақиқат наздиктар аст. Аз ин рӯ, рӯзаи ӯ дуруст буда ва ӯ гунаҳгор намешавад, зеро қиёс дар ин масъала возеҳ аст.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ
سورة البقرة: ١٨٥
«Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Яъне бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Аллоҳ таъоло қайд накардааст, ки он бояд пайдарпай анҷом дода шавад. Агар пайдарпай анҷом додани он тақйид карда мешуд, бар мо лозим мешуд, ки онро фавран анҷом бидиҳем. Пас ин далолат мекунад, ки масъала дар ин маврид васеъ аст.