Табиб мепурсад: Оё ба беморон, сарфи назар аз динашон, ёрии таъҷилӣ расонам?

Савол 240433

Ман табибе ҳастам ва дар яке аз кишварҳои Аврупо бо мақсади идомаи таҳсил дар ихтисоси худ қарор дорам. Табиати кори ман тақозо мекунад, ки дар бахши ёрии таъҷилӣ фаъолият намоям. Вазифаи ман расонидани кӯмаки фаврии тиббӣ ва анҷом додани тадбирҳои зарурии табобатӣ ба беморони гирифтори сактаи мағзи сар аст, ки дар аксари мавридҳо ғайримусулмон мебошанд.
Бисёр вақт ин савол ба зеҳнам меояд: аз табобати чунин беморон чӣ суд аст, дар ҳоле ки аксари онҳо бо дин душманӣ меварзанд ва зиндагии худро дар гуноҳ ва корҳои ҳаром мегузаронанд?
Аз ҷониби дигар, ин ояти карими Китоби Аллоҳ таъоло маро водор месозад, ки то ҳадди тавонам беҳтарин хизматро новобаста аз дину эътиқоди беморон, анҷом диҳам:

وَمَنْ أَحْيَاهَا فَكَأَنَّمَا أَحْيَا النَّاسَ جَمِيعًا

سورة المائدة: ٣٢

«Ва ҳар кӣ нафсеро зинда бидорад, гӯё ҳамаи мардумро зинда доштааст».   (Сураи Моида: 32).
Пеш аз ин чанд сол дар яке аз кишварҳои исломӣ дар бахши ёрии таъҷилӣ кор мекардам ва ҳар боре, ки ҷонеро наҷот медодам, ба касе фоида мерасондам ё дар сабук кардани ранҷу азоби беморе саҳм мегирифтам, бисёр хушҳол мешудам. Аммо чунин саволҳо маро ба шакку тардид меандозанд ва фикр кардан дар бораи онҳо маро хаста мекунад.
Пас, назари Шариъат дар ин масъала чист? Оё шумо маро ташвиқ мекунед, ки дар ин ҷо низ, ҳамон тавре ки дар кишвари худ амал мекардам, новобаста аз дини беморон, бо ихлос ба онҳо ёрии таъҷилӣ расонам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ин саволро ба шайхамон, Абдурраҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад), пешниҳод кардам. Ӯ чунин посух дод:
"Бар шумо лозим аст, ки ба онҳо кӯмак расонед, ёрии таъҷилӣ бирасонед ва дар муносибат бо онҳо тибқи амонати касбӣ ва масъулияти вазифавии худ амал намоед. Аммо барои амалҳое, ки онҳо баъд аз ин анҷом медиҳанд, шумо ҳеҷ масъулияте надоред". Поёни сухан.

Ва Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Аҳкоми кору касб
Тиббу табобат

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android