Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар давлат истифодаи обро танҳо ба шахсоне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак (счетчик) доранд, иҷоза дода бошад, - чуноне ки ин чиз дар тамоми кишварҳо маъмул аст - дар ин ҳолат, бо роҳи ҳила обро бепул гирифтан ҷоиз нест, хоҳ ин кор ба таври насб накардани ҳисобкунак (счетчик), ба таври вайрон кардани он ва ё ба таври гурехтан аз пардохтани пули он бошад, зеро ин кор хиёнату фиреб ва хӯрдани моли ҷамъият бо роҳи ботил ба ҳисоб меравад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ إِلا أَنْ تَكُونَ تِجَارَةً عَنْ تَرَاضٍ مِنْكُمْ سورة النساء: 29
«Эй касоне, ки имон овардаед, молҳои якдигарро ба ноҳақ махӯред, ғайри молҳои тиҷоратие, ки ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед». (Сураи Нисо: 29).
Аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки фиреб кунад, аз мо нест». Ривояти Муслим (102). Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Макру фиреб дар дӯзах аст». Байҳақӣ ин ҳадисро дар китоби "Шуъабу-л-имон" ривоят кардааст ва Албонӣ онро дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" саҳеҳ донистааст. Инчунин Бухорӣ ин ҳадисро ба таври муаллақ бо лафзи зерин ривоят кардааст: «Фиреб дар дӯзах аст ва ҳар кас амалеро анҷом бидиҳад, ки дар он амри мо нест, пас он амал рад аст».
Аз Кумитаи доимӣ пурсиданд: Оё боздоштани гардиши ҳисобкунак (счетчик)-и барқ ва ё об дар кишвари куфр ба хотири заиф гардонидани он кишвар ҷоиз аст? Бояд қайд кард, ки ин кишвар аз ман маҷбуран андозҳои сангине меситонад.
Чунин ҷавоб доданд:
"Ин амал ҷоиз нест, зеро дар ин амал хӯрдани моли мардум бо роҳи ботил дида мешавад". Поёни сухан аз "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (23/441).
Боз аз Кумитаи доимӣ пурсиданд: "Оё бо роҳи ҳила пули қувваи барқ, об, телефон, газ ва амсоли онро напардохтан ҷоиз аст? Бояд қайд, ки аксари ин ширкатҳо саҳҳомӣ буда, моликияти оммаи мардум ба шумор мераванд.
Чунин ҷавоб доданд:
Ин амал ҷоиз нест, зеро дар ин амал хӯрдани моли мардум бо роҳи ботил ва хиёнат бар амонат дида мешавад. Аллоҳ таъоло фармудааст:
إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا سورة النساء: 58
«Аллоҳ ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон бозгардонед». (Сураи Нисо: 58).
Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ إِلَّا أَنْ تَكُونَ تِجَارَةً عَنْ تَرَاضٍ مِنْكُمْ وَلا تَقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُمْ رَحِيمًا سورة النساء: 29
«Эй касоне, ки имон овардаед, молҳои якдигарро ба ноҳақ махӯред, ғайри молҳои тиҷоратие, ки ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед ва худро макушед. Ҳамоно Аллоҳ ба шумо меҳрубон аст». (Сураи Нисо: 29).
Поёни сухан аз "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (23/441).
Аз ин рӯ, насб кардани ҳисобкунак (счетчик) ва пардохт намудани пули об воҷиб аст, хоҳ он ширкат давлатӣ бошад ва ё хусусӣ ва илло истеъмол намудани об бароятон ҳаром буда, он об дар ҳукм, оби ғасбшуда ба ҳисоб меравад, магар дар ҳолате, ки соҳиби ширкат ба шумо иҷозат дода бошад.
Аллоҳ донотар аст.