Агар донишҷӯ дар имтиҳон фиреб карда, ба сабаби он фиреб (аз имтиҳон) гузараду шаҳодатнома бигирад, бо он шаҳодатнома кор бикунад ва дар кораш комёб шавад ва аз байн солҳо гузашта бошад, пас бояд ӯ тавба бикунад, аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳад ва аз он коре, ки дар гузашта кардааст, пушаймон шавад. Зеро Аллоҳ бахшанда аст.
Касе ки аз гуноҳ тавба мекунад, мисли касест, ки гуноҳе надорад.