Зебо кардани овоз бо Қуръон амали машрӯъ аст ва паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он амр намудааст. Ӯ ба тиловати Абумӯсои Ашъарӣ гӯш дода, овози ӯро писанд дошт ва ба ӯ фармуд:
«Ба ту овози зебое, монанди овози зебои хонаводаи Довуд, дода шудааст».
Ривояти Муслим дар боби "Салоту-л-мусофирин" (793).
Бар асоси ин, агар имоми масҷид қироати шахсеро, ки овози хуш ва хондани зебо дорад, тақлид кунад, то тиловати худро барои Китоби Аллоҳ таъоло зеботар ва беҳтар гардонад, ин амали машрӯъ ба шумор меравад.
Ин амал барои дигарон низ муфид аст, зеро овози хуш намозгузорони пушти имомро фаъол мегардонад ва боиси ҳузури дил, таваҷҷуҳ ва гӯш фаро додани онҳо ба қироат мешавад.
Ин фазилат аз ҷониби Аллоҳ аст, ки онро ба ҳар касе бихоҳад, мебахшад ва Аллоҳ соҳиби фазлу карами бузург аст.