Душанбе 8 Шаввол 1446 - 7 Апрел 2025
Тоҷикӣ

Ӯ борҳо бо як зани кофир зино карда буд, сипас он зан Исломро қабул мекунад ва ҳоло ӯ мехоҳад бо ӯ издивоҷ бикунад

2627

Таърихи нашр : 12-02-2025

Мушоҳидаҳо : 1190

Савол

Ман (як ҷавони) мусулмон ҳастам, ки панҷ сол боз дар Аврупо таҳсил мекунам. Дар вақти таҳсил бо духтаре аз кишвари ХХХ шинос шудам ва ман ӯро ду сол дӯст доштам. Ман эътироф мекунам, ки бо ӯ гуноҳи кабираи зиноро анҷом додаам. Моҳҳои охир ин духтар Исломро қабул кард. Ҳоло ман мехоҳам бо суннати Аллоҳ ва расулаш бо ӯ издивоҷ бикунам. Оё бароям ҷоиз аст, ки бо ӯ издивоҷ бикунам? Ва оё ягон тартиби махсусе вуҷуд дорад, ки бояд онро риоя бикунам? Аллоҳ бароятон подоши некӯ бидиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلا تَقْرَبُوا الزِّنَى إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبِيلا

سورة الإسراء: ٣٢

«Ба зино наздик машавед. Зино кори зишт ва бадтарин роҳ аст».   (Сураи Исро: 32).
Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Аллоҳ таъоло бандагонашро аз зино, наздик шудан ба он ва аз омехтагӣ бо василаҳову омилҳои он наҳй намуда мефармояд: «Ба зино наздик машавед. Зино кори зишт» яъне гуноҳи бузург «ва бадтарин роҳ аст» яъне бадтарин роҳу равиш аст.
Имом Аҳмад гуфт: Язид ибни Ҳорун ба мо нақл кард, Ҷарир ба мо нақл кард, Салим ибни Омир аз Абуумома ба мо нақл кард, ки ҷавоне назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй Расулуллоҳ! Ба ман иҷозат бидеҳ, ки зино кунам.
Мардум ба ӯ рӯ оварда, ӯро сарзаниш карданд ва ба ӯ гуфтанд: Хомӯш шав, бас кун, даҳонатро пӯш.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуд: Наздиктар биё. Ҷавон ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) наздиктар шуд.
Сипас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуд: Биншин. Ҷавон нишаст.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуд: Оё ин корро барои модарат меписандӣ?
Гуфт: На, савганд ба Аллоҳ. Аллоҳ маро фидои шумо гардонад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Мардум ҳам ин корро барои модаронашон намеписанданд.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуд: Оё ин корро барои духтарат меписандӣ?
Гуфт: На, савганд ба Аллоҳ, эй расулуллоҳ! Аллоҳ маро фидои шумо гардонад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Мардум ҳам ин корро барои духтаронашон намеписанданд.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуд: Оё ин корро барои хоҳарат меписандӣ?
Гуфт: На, савганд ба Аллоҳ. Аллоҳ маро фидои шумо гардонад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Мардум ҳам ин корро барои хоҳаронашон намеписанданд.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуд: Оё ин корро барои аммаат меписандӣ?
Гуфт: На, савганд ба Аллоҳ. Аллоҳ маро фидои шумо гардонад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Мардум ҳам ин корро барои аммаҳояшон намеписанданд.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуд: Оё ин корро барои холаат меписандӣ?
Гуфт: На, савганд ба Аллоҳ. Аллоҳ маро фидои шумо гардонад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Мардум ҳам ин корро барои холаҳояшон намеписанданд.
Сипас паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) даст ба ҷавон ниҳод ва чунин дуо кард: Эй Аллоҳ! Гуноҳи ин ҷавонро биёмурз, қалбашро пок соз ва ӯро боиффату покдоман бигардон.
Пас аз ин, ҷавон ба ҳеҷ чизе (яъне ба ягон амалҳои ҳаром) аҳамият намедод.
Поёни сухан.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللهِ إِلَهًا آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا ❁ يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً ❁ إِلا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُوْلَئِكَ يُبَدِّلُ اللهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللهُ غَفُوراً رَحِيماً ❁ وَمَنْ تَابَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَإِنَّهُ يَتُوبُ إِلَى اللهِ مَتَابا

سورة الفرقان: ٦٨ - ٧١

«Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кас ин корро бикунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азоб барои ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд карда мешавад ва хору зор ва ҷовидон дар он мемонад, ғайри он касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста кунад. Пас онҳоянд, ки Аллоҳ бадиҳояшонро ба некиҳо табдил медиҳад ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст. Ва ҳар кас тавба кунад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас бегумон ба шоистагӣ назди Аллоҳ бозмегардад».   (Сураи Фурқон: 68-71).

Барои марди зинокор ҷоиз нест, ки бо зани зинокор издивоҷ бикунад, магар ин ки ҳар ду ба сӯи Аллоҳ таъоло тавбаи содиқона бикунанд, то васфи зино аз онҳо бардошта шавад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

الزَّانِي لَا يَنكِحُ إلا زَانِيَةً أَوْ مُشْرِكَةً وَالزَّانِيَةُ لا يَنكِحُهَا إِلا زَانٍ أَوْ مُشْرِكٌ وَحُرِّمَ ذَلِكَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ

سورة النور: ٣

«Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё марди мушрик ба занӣ намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудааст».   (Сураи Нур: 3).

Шумо бояд ба сӯи Аллоҳ таъоло тавбаи бузургеро анҷом бидиҳед. Ба дунболи гуноҳи кабирае, ки борҳо ва такроран аз шумо содир шудааст, амалҳои неки зиёдеро анҷом бидиҳед, то Аллоҳ аз шумо даргузарад. Агар тавбаи шумо ва тавбаи он зан содиқона бошад ва ҳар ду ба шариъати Аллоҳ пайравӣ кунед (ва онро риоя намоед), пас дар ин ҳолат, бо ӯ издивоҷ карданатон ҳеҷ боке надорад. Касе, ки тавба намояд, Аллоҳ тавбаашро мепазирад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид