Ҷумъа 26 Ҷумода-л-охира 1446 - 27 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Мошинро дуздида, бо он сафар кард, сипас тавба намуда, дар сафараш пушаймон шуд.

263706

Таърихи нашр : 01-10-2023

Мушоҳидаҳо : 1658

Савол

 

Марде мошинеро ғасб карда, бо он сафар кард, сипас аз ин кораш пушаймон шуда, тавба кард. Тариқаи баргардонидани мошин чӣ гуна аст? (Яъне чӣ тавр мошинро ба соҳибаш баргардонад?) Оё худаш ба мошин савор шуда биравад ва ё онро ба воситаи нақлиёти боркаш бифиристад ва ё чӣ кор бикунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ин саволро ба шайхамон Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардем, дар ҷавоб гуфт:

Касе мошинеро ғасб кунад ва ё онро бидуздаду, бо он сафар бикунад, сипас (аз ин кораш) пушаймон шуда, тавба кунад, бояд онро аз он шаҳр ба воситаи нақлиёти боркаш бифиристад ва онро истифода набарад, то ин ки арзиши он бо сабаби истифода бурдан кам нашавад. Ӯ бояд музди ҳамлу нақлро низ бипардозад.

 Аллоҳ донотар аст

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид