Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми навистани оятҳои Қуръонӣ бар деворҳо ва пешгоҳи хонаҳо.

264601

Таърихи нашр : 09-04-2020

Мушоҳидаҳо : 1949

Савол

Ҳангоми бино намудани баъзе хонаҳо, санги бар болояш "Мошааллоҳ" нависташударо дар пешгоҳи хона мегузоранд. Яъне ингуна сангҳоро бо ҳамроҳии дигар сангҳо дар ҳама деворҳое, ки шифти хонаро мебардоранд, мечаспонанд. Ва ҳар шахсе, ки ба болои хона мебарояд, ҳис мекунам, ки ин навистаҷотро зер карда мебарояд. Оё дар он ягон мушкилие вуҷуд дорад? Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Оятҳои Қуръониро бар девор навистан, ҷоиз нест ва ин амал дар назди ҷумҳури уламо макруҳ буда, баъзе олимон ин амалро ҳаром шуморидаанд.

Ибни Ҳумом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Фатҳу-л-қадир" (1/169) гуфтааст: "Оятҳои Қуръонӣ ва номҳои Аллоҳ таъолоро дар дирҳамҳову меҳробҳо ва деворҳову гилемҳо навистан макруҳ аст". Поёни сухан.

Дардир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Шарҳу-л-кабир" (1/425) гуфтааст: "Зоҳиран нақшу нигор макруҳ аст ва агарчанде, ки ояти Қуръонӣ ҳам бошад (яъне бар болои қабрҳо) ва ҳаром будани он зарур аст, зеро ки ин амал ба таҳқири он бурда мерасонад. Ва ҳамчунин зикр намудаанд, ки навистани оятҳои Қуръонӣ ва номҳои Аллоҳ таъоло бар деворҳо низ ба монанди он аст". Поёни сухан.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар "Равзату-т-толибин" (1/80) гуфтааст: "Ва бар деворҳо хоҳ масҷид бошад, ё ғайри он ва ё ки дар либосҳо навистани он макрӯҳ аст". Поёни сухан.

Аз Шайх Ибни Усаймин  (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Ҳукми навистани оятҳои Қуръонӣ ва ҳадисҳои паёмбар бар деворҳои масҷид чист?

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) чунин ҷавоб дод:

Ин мардумро ба ташвиш меорад. Аммо навистани оятҳои Қуръонӣ бар девори масҷид, ё ки ғайри он як амали бидъат аст. Аз саҳобагон барои мо ягон хабар наомадааст, ки онон бар деворҳояшон оятҳои Қуръонӣ нависта бошанд.

Навистани оятҳои Қуръонӣ бар девор, як намуд таҳқир ба каломи Аллоҳ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баъзеҳоро мебинем, ки оятҳои Қуръониро дар шакли қаср ё манора ё масҷид ё ба ин монанд навишта кардаанд. Оятҳои Қуръониро чунон навишта кардаанд, ки гуё қаср бошад, шакке нест, ки ин як намуд таҳқир ба каломи Аллоҳ азза ва ҷалла ба ҳисоб меравад.

Фарз кардем, ки агар оятро бо тарзи навишти фаҳмо навишта бикунанд ҳам, ин аз роҳнамоии гузаштагон нест.

Дар девор навистани он чӣ фоида дорад?

Баъзе одамон мегӯянд, ки барои ёдрас намудани мардум инро менависем. Пас дар ҷавобашон мегӯем, ки ёдраскунӣ бо сухан мешавад на бо навиштани оятҳо.

Гоҳо мебинӣ, ки дар девор ин оятро навиштаанд:

 وَلا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضاً    الحجرات/ 12،

"Ва ҳеҷ яке аз шумо дигареро ғайбат накунад".   (Сураи Ҳуҷурот: 12).

Шахсони дар зери ин навистаҷот нишастаро мебинӣ, ки ба ғайбаткунӣ машғуланд, ин ба монанди масхаракунандаи Қуръон аст.

Аз ин рӯ, дар деворҳои масҷидҳову хонаҳо навистани оятҳои Қуръонӣ бидъат буда, дар аҳди гузаштагонамон чунин амал вуҷуд надошт.

Аммо навишта кардани ҳадисҳо дар масҷидҳо, агар дар тарафи қибла бошад, шакке нест, ки инсонро ба ташвиш меорад ва гоҳо баъзе намозгузорон ба сӯи он назар мекунанд. Уламо (раҳмати Аллоҳ бар онҳо бод) дар тарафи қиблаи масҷид навиштанро макрӯҳ шуморидаанд.

Аммо дар хонаҳо бошад, барои фоида, навистани ягон ҳадис боке надорад. Масалан навиштани дуои кафорати маҷлис:

  سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا وَبِحَمْدِكَ، أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ أَسْتَغْفِرُكَ وَأَتُوبُ إِلَيْهِ 

"Субҳонака-л-лоҳумма раббано ва биҳамдика, ашҳаду ан ло илоҳа илло анта астағфирука ва атубу илайҳи".

(Эй Аллоҳ, Парвардигори мо, Туро ба поки ёд мекунам ва бар ту ҳамду сано мехонам. Шаҳодат медиҳам, ки ҷуз Ту маъбуди барҳаққе нест ва аз Ту талаби мағфирати гуноҳ мекунам ва ба сӯи Ӯ тавба менамоям).

Ин барои ёдрас намудан аст. 

Поёни сухан аз "Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ" (13/197).

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (254) нигаред, дар он бадиҳое, ки аз овезон кардани оятҳо бар девор ҳосил мешавад, баён карда шудааст. Аксари он далелҳо ба навиштани оятҳо бар деворҳо низ рост меоянд.

Дувум:

Аммо дар болои хонае, ки дар деворҳои он навистаҷот, ё ки ояти Қуръонӣ вуҷуд дорад, нишастан боке надорад ва ин бар болои Қуръон нишастан ҳисобида намешавад. Шахсе, ки бар болои хона мешинад, ӯ бар болои хона ва дур аз девор нишастааст. Пас сухани ту, ки мегӯӣ: "ҳар шахсе, ба болои хона мебарояд, ҳис мекунам, ки гӯё ин навистаҷотро зер карда мебарояд", ҷуз васваса дигар чизе нест. Аз ин рӯ, огоҳ бош! Ва боз огоҳ бош, то дар васваса фурӯ маравӣ, зеро васваса як дарди сахт ва бисёр бад аст. Аллоҳ ҳамаамонро эмин нигаҳ дорад.

Илоҷи васваса онаст, ки бояд аз он руй гардонида, ба он майл нанамо ва зикру тоати Аллоҳро зиёд кун.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб