Якшанбе 3 Рабиъу-л-охир 1446 - 6 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Шахсе мепурсад, ки барои ҳар ҳафта Қуръонро хатм намудан, онро чигуна бояд тақсим кард?

265681

Таърихи нашр : 02-05-2020

Мушоҳидаҳо : 3670

Савол

Мехоҳам барои ҳар ҳафта Қуръонро хатм намудан беҳтарин тариқаро пайдо бикунам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар як моҳ чанд маротиба Қуръонро хатм менамуд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Беҳтарин намуна барои Қуръонро дар як ҳафта хатм намудан, тариқаи саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) мебошад. Онҳо барои Қуръонро дар як ҳафта хатм намудан, онро ба якчанд ҳизб (қисме аз Қуръон, ки инсон барои хондан онро ҷудо мекунад) тақсим менамуданд. Дар рӯзи аввал се сураи аввалро мехонданд, баъд аз он панҷ сураи баъдинаро, пас аз он ҳафт сура, пас аз он нӯҳ сура, пас аз он ёздаҳ сура, пас аз он сенздаҳ сура, пас аз он "Ал-Муфассал"-ро, яъне аз сураи Қоф то охири сураи Нос мехонданд.

Ибни Қудома гуфтааст: Қуръонро дар ҳафт рӯз хатм намудан мустаҳаб мебошад, то ки ӯ ҳар ҳафта як бор Қуръонро хатм бикунад. Абдуллоҳ ибни Аҳмад (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Падарам рӯзона, ҳар ҳафт рӯз хатми Қуръон менамуд ва дар як рӯз, аз ҳафт як қисми Қуръонро мехонд ва назарашро аз он тарк намекард. Ҳанбал (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Абуабдуллоҳ Қуръонро аз ин ҷумъа то ҷумъаи дигар хатм менамуд. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Абдуллоҳ ибни Амр фармудааст: "Қуръонро дар ҳафт рӯз бихон ва аз ин зиёд макун".   Ривояти Абудовуд.

Аз Авс ибни Ҳузайфа ривоят шудааст, ки гуфт: Ба расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтем: Имшаб ба назди мо дер баромадӣ. Фармуд: Ҳаройина, барои (хондани) ҳизби Қуръонам вазъияте бароям пеш омада буд ва хушам наомад, ки пеш аз онро тамом намуданам, хориҷ бишавам. 

Авс гуфт: Аз саҳобагони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсидам, ки Қуръонро чигуна тақсим мекунед? Гуфтанд: Се сура, панҷ cура, ҳафт,  нӯҳ, ёздаҳ, сенздаҳ ва танҳо ҳизби "Ал-Муфассал".   Ривояти Абудовуд, то инҷо аз китоби "Ал-Муғнӣ" (2/127) ба охир расид.

Заркашӣ дар шарҳи ин ривоят чунин гуфтааст:

Се сура: Бақара, Оли Имрон, Нисо.

Панҷ сура: Моида, Анъом, Аъроф, Анфол, Бароат.

Ҳафт сура: Юнус, Ҳуд, Юсуф, Раъд, Иброҳим, Ҳиҷр, Наҳл.

Нӯҳ сура: Исроъ, Каҳф, Марям, Тоҳо, Анбиё, Ҳаҷ, Мӯъминун, Нур, Фурқон.

Ёздаҳ сура: Шуъаро, Намл, Қасас, Анкабут, Рум, Луқмон, Саҷда, Аҳзоб, Сабаъ, Фотир, Ёсин.

Сенздаҳ сура: Соффот, Сод, Зумар, Ғофир, Фуссилат, Шуро, Зухруф, Духон, Ҷосияҳ, Аҳқоф, Муҳаммад, Фатҳ, Ҳуҷурот.

Баъд аз ин ҳизби "Ал-Муфассал" ва аввали он аз сураи Қоф шурӯъ шуда то охири Қуръон аст.  

Китоби "Ал-Бурҳону фи улуми-л-Қуръон" (1/247).

Ҳадисеро пайдо накардем, ки тақсимоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва дар чанд рӯз Қуръонро хатм намуданашро, баён карда бошад. Он ривоятҳое, ки дар ин хусус омадааст, чигунае, ки дар боло зикр шуд, ҳама аз саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) мебошад. Ғайр аз ин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намози шабро дароз мехонд ва дар як шаб сураи Бақара, Оли Имрон ва Нисоро хатм мекард.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб