Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ба таъхир андохтани ҳаҷ бе узр

Савол

Ҳукми касе, ки бар ҳаҷ қудрату тавоноӣ дошта бошад ва онро бе узр ба таъхир андозад, чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём бар расулуллоҳ ва баъд:

Касе, ки бар ҳаҷ тавоноӣ дошта бошад ва ҳаҷҷи фаризаро анҷом надиҳад ва онро бе узр ба таъхир андозад, муртакиби гуноҳи бузурге ва маъсияти калоне шудааст. Бар ӯ воҷиб аст, ки ба сӯи Аллоҳ аз он тавба намояд ва ба ҳаҷ шитоб бикунад. Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلله عَلَى ٱلنَّاسِ حِجُّ ٱلۡبَيۡتِ مَنِ ٱسۡتَطَاعَ إِلَيۡهِ سَبِيلٗا وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

  آل عمران/٩٧

Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд ва ҳар ки куфр варзад, бе шак, Аллоҳ аз ҷаҳониён бениёз аст.   (Сураи Оли Имрон: 97).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: Шаҳодат додан бар ин ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва рӯзаи Рамазон ва ҳаҷҷи хона (Каъба)".   Бар саҳеҳ будани ин ҳадис иттифоқ кардаанд. (Бухорӣ; 8. Муслим; 16).

Ҳангоме, ки Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди ислом пурсид, дар ҷавоб гуфт: "Шаҳодат бидиҳӣ, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва намозро барпо намоӣ ва закотро бидиҳӣ ва Рамазонро рӯза бигирӣ ва хона (Каъба)-ро ҳаҷ намоӣ, агар тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошӣ".   Муслим ин ҳадисро дар "Саҳиҳ"-и худ (8) аз Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст.

Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст. Поёни сухан.

Сарчашма: "МАҶМӮУ ФАТОВО ВА МАҚОЛОТУН МУТАНАВВИА"-И ШАЙХ АБДУЛАЗИЗ ИБНИ БОЗ (РАҲМАТИ АЛЛОҲ БАР Ӯ БОД) (16/359)