Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Зани ҳайзшуда дар шаби қадр кадом амалҳоро анҷом дода метавонад?

Савол

Зани ҳоиза (ҳайзшуда) дар шаби қадр кадом амалҳоро анҷом дода метавонад? Оё метавонад ба ибодат машғул шуда, ҳасаноташро зиёд кунад? Агар ҷавоб "бале" бошад, кадом амалҳоро дар он шаб анҷом дода метавонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Зани ҳайзшуда тамоми ибодатҳоро ба ҷуз намоз, рӯза, тавоф ба Каъба ва эътикоф дар масҷид анҷом дода метавонад.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шудааст, ки ӯ даҳаи охири Рамазонро шабзиндадорӣ мекард. Бухорӣ (2024) ва Муслим (1174) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мефармояд: "Ҳар гоҳ даҳаи охири Рамазон дарояд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) изори худро мебаст (яъне аз ҳамбистарӣ бо ҳамсарон худдорӣ менамуд), шабзиндадорӣ мекард ва хонаводаашонро бедор менамуд".

Шабзиндадорӣ махсус бо намоз нест, балки тамоми ибодатҳоро дарбар мегирад. Донишмандон онро чунин тафсир кардаанд:

Ҳофиз гуфтааст: "Шабзиндадорӣ мекард". Яъне бо анҷом додани тоъат бедорхобӣ мекард.

Нававӣ гуфтааст: Яъне шабашро бо бедорхобӣ дар намоз ва дигар ибодатҳо гузаронд.

Дар китоби "Ал-Авну-л-маъбуд" омадааст: Яъне бо намоз, зикр ва қироати Қуръон.

Намози шаб беҳтарин ибодатҳоест, ки банда метавонад дар шаби қадр анҷом бидиҳад. Аз ин рӯ, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки шаби қадрро аз рӯи имон ва талаби савоб бо намоз гузаронад, гуноҳони пешинааш бахшида мешавад».   Ривояти Бухорӣ (1901) ва Муслим (760).

Модоме ки барои зани ҳайзшуда намоз хондан ҷоиз нест, аз ин хотир, ӯ метавонад ин шабро бо ибодатҳои дигар ғайри намоз гузаронад, аз ҷумла:

1- Қироати Қуръон. Лутфан ба саволи рақами (2564) руҷӯъ кунед.

2- Зикр. Аз ҷумла тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳлил (ло илоҳа иллаллоҳ), таҳмид (алҳамду лиллоҳ) ва монанди он. Субҳоналлоҳ, валҳамду лиллоҳ, ва ло илоҳа иллаллоҳ, валлоҳу акбар, ва субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ, ва субҳоналлоҳи-л-ъазим ва монанди онро зиёд такрор мекунад.

3- Истиғфор. Зиёд "астағфируллоҳ" мегӯяд.

4- Дуо. Бисёр дуо мекунад ва хайри дунёву охиратро аз Аллоҳ таъоло мепурсад, зеро дуо яке аз беҳтарин ибодатҳост. Ҳатто ин ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин бора гуфтааст: «Дуо ибодат аст».   Тирмизӣ (2895) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" (2370) саҳеҳ донистааст.

Зани ҳайзшуда метавонад шаби қадрро бо ин ибодатҳо ва дигар ибодатҳо гузаронад.

Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки моро ба он чи ки дӯст медорад ва аз он розӣ аст, муваффақ намояд ва амалҳои солеҳро аз мо қабул намояд.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб