Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ рӯйхати номҳои китобҳои рақоиқ (нармкунандаҳои дилҳо)-ро мехоҳад

27080

Таърихи нашр : 09-05-2023

Мушоҳидаҳо : 1444

Савол

Ман мехоҳам, ки ба ман беҳтарин китобҳои рақоиқ (нармкунандаҳои дилҳо)-ро зикр намоед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз ҳама беҳтарин китобе, ки дилҳоро нарм мекунад, ин китоби Аллоҳ таъоло мебошад. Аз ин рӯ, Аллоҳ таъоло онро панд номидааст, чуноне ки мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءتْكُم مَّوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَشِفَاء لِّمَا فِي الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ

سورة يونس: ٥٧

«Эй мардум! Ба ростӣ, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омадааст ва шифое барои ончи дар дилҳост ва ҳидояту раҳматест барои мӯъминон».   (Сураи Бақара: 286).

Ягон китобе ба монанди Қуръон қалбҳоро ислоҳ намуда, онҳоро аз бемориҳо шифо намебахшад. Аз ин рӯ, мусулмон набояд таваҷҷӯҳашро аз Қуръон ба сӯи китобҳои дигар кунад. Мусулмон бояд Қуръонро аз таҳти дил бо тадаббуру фурӯтанӣ зиёд бихонад. Дар ин ҳолат, ба зудӣ таъсири онро дар ислоҳи қалбаш хоҳад дид. Ҳамчунин метавонед барои фаҳмидани маъноҳои баъзе оятҳое, ки бароятон нофаҳмо аст, ба яке аз тафсирҳои мухтасар, ба монанди тафсири Саъдӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) муроҷиат кунед.

Аммо дар мавриди он китобҳое, ки донишмандон оиди рақоиқ навиштаанд, китобҳои зиёду гуногунеро номбар кард, ки қисмате аз онҳо ҷуъзе аз китобҳои дигар буда, қисмати дигар китобҳои алоҳидаву мустақил мебошанд. Дар китобҳои ҳадис, ба монанди "Саҳиҳ"-и Бухорӣ, "Саҳиҳ"-и Муслим ва ғайра, бобҳои махсусе бо номи рақоиқ вуҷуд доранд. Аммо дар мавриди китобҳои алоҳидаву мустақил оиди рақоиқ бошад, китобҳои зеринро барои шумо интихоб намудаем:

(Бояд қайд кард, ки ин китобҳо танҳо барои кӯмак аст. Ҳеҷ боке нест, ки мусулмон онҳоро мутолиа намуда, аз онҳо баҳра бибарад, вале онҳо ҷои қироат ва тадаббури Қуръонро гирифта наметавонанд).

"Ал-Баҳру-р-роиқ фи-з-зуҳди ва-р-рақоиқ"-и Аҳмад Фарид.

"Аз-зуҳд ва-р-рақоиқ"-и Абдуллоҳ ибни Муборак, таҳқиқи Ҳабибурраҳмон Ал-Аъзамӣ.

"Ал-Фавоиду ва-з-зуҳду ва-р-рақоиқу ва-л-маросӣ"-и Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Насир Ал-Хулдӣ, таҳқиқи Маҷдӣ Фатҳӣ Ас-Сайид.

"Мавъизату-л-муъминина мин иҳёи улуми-д-дин"-и Муҳаммад Ҷамолуддин Ал-Қосимӣ.

"Мадориҷу-с-соликин".

"Ал-Ҷавобу-л-кофӣ".

"Тариқу-л-ҳиҷратайни ва бобу-с-саъодатайн".

Ин се китоб, таълифи Ибни Қайим мебошад.

"Латоифу-л-маъориф"-и Ибни Раҷаб.

"Муқтатафотун мина-л-мавоъизи ва-л-адаб"-и Алӣ Солим Оли Ҳорис.

"Ат-таълиқу ъало манзуматин фи-с-сайри илаллоҳ ва-д-дори-л-охира"-и Шайх Абдурраҳмон Ас-Саъдӣ.

"Тазкияту-н-нафс"-и Шайхулислом Ибни Таймия, таҳқиқи Доктор Муҳаммад Саид Ал-Қаҳтонӣ.

"Ас-сирру-л-макнун фӣ риққати-л-қулуби ва дамъи-л-ъуйун"-и Абдулкарим Ад-Девон, нашри Дору-л-муслим.

"Мавориду-з-замъон лидуруси-з-замон"-и Абдулазиз Ас-Салмон.

"Ат-тазкирату фӣ аҳволи-л-мавто ва умури-л-охира"-и Муфассир Абуабдуллоҳ Ал-Қуртубӣ, таҳқиқи Маҳмуд Ал-Баставайсӣ.

"Аҳволу-л-қиёма"-и Абдулмалик Кулайб.

"Ал-Қабр, азобуҳу ва наъимуҳ"-и Ҳусайн Ал-Авойиша.

     Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб