Кор кардан дар бонки рибавӣ ба ҳайси муҳандиси низоми иттилоотӣ

5

Савол 2834

Як муҳандиси низоми иттилоотӣ, ки дар шуъбаи компютерии яке аз бонкҳо кор мекунад, ба ман пешниҳоди издивоҷ кардааст. Мехоҳам ҳукми қабули ин пешниҳодро бидонам. Ман нигаронам, ки оё ин касб ҳалол аст ё ҳаром?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Агар бонки мазкур рибавӣ бошад, кор кардан дар он ҷоиз нест. Зеро дар ҳадиси Ҷобир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки мефармояд:
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр, рибодиҳанда, котиби муомилаҳои рибавӣ ва ду шоҳиди онро лаънат карда, фармудааст: «Онҳо (дар гуноҳ) яксонанд».
Ин ҳадисро Муслим дар китоби "Саҳиҳ"-и худ (2995) ривоят кардааст.

Аз Аллоҳ мехоҳем, ки дар ивази он, беҳтар аз онро насиби шумо гардонад.

Сарчашма

Корҳову касбҳои мамнӯъ ва ҳаром кардашуда

Сарчашма: 

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play