Ҳукми абрешими сунъӣ

2

Савол 30812

Ҳукми пӯшидани либосе, ки аз абрешими сунъӣ омода шудааст, чӣ гуна аст? Масалан, либоси "Даффа".

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Дар бораи ҳаром будани абрешим барои мардон ҳадисҳои зиёде ворид шудаанд. Аз ҷумла, Абудовуд (3535) аз Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят мекунад, ки гуфт:
Паёмбари Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) порчае аз абрешимро гирифта, онро дар дасти рости худ қарор дод ва порчае аз тиллоро гирифта, онро дар дасти чапи худ ниҳод. Сипас фармуд: «Ин ду бар мардони уммати ман ҳароманд».
Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи Абудовуд" (3422) саҳеҳ донистааст.

Мурод аз абрешиме, ки барои мардон ҳаром шудааст, абрешими табиие мебошад, ки аз кирмаки маъруф гирифта мешавад. Аммо абрешими сунъӣ ба ин ҳукм дохил намегардад, зеро асос дар ҳаром гардонидани чизҳо танҳо ба ҳукми Аллоҳ таъоло ва расули Ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар чизе, ки ҳаром будани он дар Китоб (Қуръони Карим) ва Суннат (ҳадисҳои паёмбар) зикр нашудааст, мубоҳ маҳсуб мешавад, зеро асл дар ашё мубоҳ ва раво будани онҳост.

Баъзе аз ин матоъҳои аз абрешими сунъӣ омодашуда бисёр нарму мулоим буда, ба матоъҳои занона шабоҳат доранд. Аз ин рӯ, мард бояд аз пӯшидани чунин матоъҳо худдорӣ намояд, зеро барои мард хислатҳои сахтӣ, устуворӣ ва мардонагӣ матлубанд. Аммо нармӣ ва нозукӣ ба мардон муносиб нест.

Ниг.: "Аш-Шарҳу-л-мумтиъ" (2/207), "Тавзиҳу-л-аҳком" (2/447).

Аллоҳ донотар аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад бод.

Сарчашма

Аҳкоми либос

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

Previous
Оянда
at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android