Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё зан бояд дар пеши кӯдаки панҷсола ҳиҷоб бипӯшад?

Савол

Ман ба як марди бисёрзана издивоҷ кардаам. Ман на аз ин шавҳар (балки аз шавҳари собиқам) як писари панҷсола дорам. Оё занони шавҳарам дар ҳузури писарам бояд ҳиҷоб бипӯшанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Писари зикршуда хурдсол аст ва бар занон воҷиб нест, ки дар ҳузури ӯ рӯяшонро бипӯшанд. Аллоҳ таъоло мефармояд:

 وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ وَلا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ      (سورة النور: 31).

«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро ошкоро накунанд, магар он чи аз он намоён аст ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони худ, ё падарони худ, ё падарони шавҳарони худ, ё писарони худ, ё писарони шавҳарони худ, ё бародарони худ, ё писарони бародарони худ, ё писарони хоҳарони худ, ё занони (ҳамдини) худ (яъне занони мусулмон), ё ғуломони худ, ё пайравоне аз мардон, ки соҳиби шаҳват набошанд, ё кӯдаконе, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва (ҳангоми роҳ рафтан) заминро бо пои хеш назананд, то он чи аз зинати худ, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, бошад ки растагор шавед».   (Сураи Нур: 31).

Ин писар кӯдак аст, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудааст, аз ин рӯ, ороиши худро дар назди ӯ ошкоро кардан раво аст.

Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) дар тафсири худ гуфтааст:

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 أَوِالطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ 

«Ё кӯдаконе, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд». Яъне ба хотири хурдсолиашон аҳволу авратҳои занонро аз суханони нарму тарзи роҳгардиашон ва аз ҳаракоту саканоташон намефаҳманд. Агар кӯдак хурд бошад ва ин чизҳоро нафаҳмад, ҳеҷ боке нест, ки ба назди занон дарояд. Аммо агар писар муроҳиқ (наврас) ва ё ба синни наврасӣ наздик шуда бошад, тавре ки ин чизҳоро дарк кунад ва зани зиштрӯю зеборо фарқ карда тавонад, пас ба ӯ иҷозат дода намешавад, ки ба назди занон ворид шавад. Поёни сухан.

     Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид