Вафо ба аҳду паймонҳо воҷиб аст. Зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
يَاأَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَوْفُوا بِالْعُقُودِ
سورة المائدة: ١
«Эй касоне, ки имон овардаед! Ба аҳду паймонҳо вафо кунед». (Сураи Моида: 1).
Ҳамчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мкфармояд:
«Мусулмонон ба шартҳои худ пойбанданд».
Ривояти Абудовуд (3594). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи Абудовуд" саҳеҳ донистааст.
Фиреб, дурӯғ ва ба ноҳақ хӯрдани моли мардум ҳаром аст. Ин ҳукм аз матнҳои фаровону машҳури Шариъат ба таври равшан маълум мебошад.
Бинобар ин, агар мувофиқа бар он бошад, ки давомнокии курс 24 соатро ташкил медиҳад, пас вафо кардан ба ҳамин мувофиқа воҷиб мебошад ва ҷоиз нест, ки аз ин камтар дарс дода шавад ва сипас бар хилофи воқеият навишта шавад, ки курс пурра баргузор гардидааст, зеро дар чунин амал дурӯғ ва фиреб вуҷуд дорад. Илова бар ин, чунин рафтор ба ноҳақ соҳиб шудан ба мол мебошад. Аз ин рӯ, гирифтани ҳаққи соатҳое, ки дар воқеъ баргузор нашудаанд, ҳалол нест, магар он ки пешакӣ муайян шуда бошад, ки давомнокии курс 20 соат мебошад.
Пас, саъю кӯшиш намоед, ки курсро пурра баргузор кунед, то ба аҳду паймон ва шартҳои муайянгардида вафо карда шавад. Агар дар раванди он камбудие ба вуҷуд ояд, бояд шумораи воқеии соатҳое, ки дарс дода шудаанд, ошкор ва ба таври дақиқ баён гардад.
Аллоҳ донотар аст.