Аъмоли кӯдаке, ки ҳанӯз ба синни балоғат нарасидааст — яъне аъмоли неки ӯ — савобаш ба худи ҳамон кӯдак тааллуқ мегирад, на ба падараш ва на ба каси дигар.
Аммо падараш барои таълим додан, роҳнамоӣ кардан ба корҳои нек ва кӯмак расонидан ба ӯ дар анҷом додани онҳо савоб мегирад.
Зеро дар китоби "Саҳиҳ"-и Муслим аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз ҳар дуи онҳо хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ мегӯяд:
Зане кӯдакеро бардошта, гуфт: "Эй расулуллоҳ, оё барои ин кӯдак ҳаҷ ҳисобида мешавад?" Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Бале ва ту низ савоб мегирӣ». Ривояти Муслим (2378).
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуд, ки ҳаҷ барои он кӯдак ҳисобида мешавад ва модараш ба хотири ҳамроҳ бо ӯ ҳаҷ анҷом додан соҳиби савоб мегардад.
Ҳамчунин ғайр аз падар, ҳар каси дигар низ метавонад барои корҳои неке, ки анҷом медиҳад, соҳиби аҷру савоб гардад, ба монанди касоне, ки ба афроди зери сарпарастии худ — ятимон, хешовандон, хизматгорон ва дигар мардумон — таълим медиҳанд. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар кӣ ба кори нек роҳнамоӣ кунад, барои ӯ низ монанди савоби анҷомдиҳандаи он амал хоҳад буд». Муслим ин ҳадисро (3509) дар "Саҳиҳ"-и худ ривоят кардааст
Инчунин, зеро чунин амалҳо аз ҷумлаи ҳамкорӣ дар некукорӣ ва парҳезгорист ва Аллоҳ таъоло бар чунин корҳо савоб ато менамояд.