Панҷшанбе 25 Ҷумода-л-охира 1446 - 26 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Издивоҷи зан бо тағои падараш

32455

Таърихи нашр : 11-10-2021

Мушоҳидаҳо : 2796

Савол

Оё барои ҷавондухтар ҷоиз аст, ки бо тағои падараш издивоҷ бикунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои ҷавондухтар ҷоиз нест, ки бо тағои падараш издивоҷ бикунад, зеро тағои падараш тағои ӯ низ мебошад ва ӯ аз ҷумлаи маҳрамҳои ӯ ба шумор меравад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 حُرِّمَتْ عَلَيْكُمْ أُمَّهَاتُكُمْ وَبَنَاتُكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ وَعَمَّاتُكُمْ وَخَالاتُكُمْ وَبَنَاتُ الأَخِ وَبَنَاتُ الأُخْتِ    (سورة النساء: ٢٣).

«Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародаронатон ва духтарони хоҳаронатон бар шумо ҳаром шудаанд».   (Сураи Нисо: 23).

Донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) ба таври возеҳ баён намудаанд, ки амаки падар амаки фарзанд ҳисобида мешавад ва ҳамчунин тағои падар тағои фарзанд ба ҳисоб меравад.

     Аллоҳ донотар аст.

Ниг: "Ал-Муқниъу ва-л-инсофу ва-ш-шарҳу-л-кабир" (таҳқиқи Доктор Ат-Туркӣ) (20/277).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб