Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Шарт нест, ки ба мустаҳиққи закот бигӯяд, ки ин пул закот аст

33777

Таърихи нашр : 06-02-2024

Мушоҳидаҳо : 673

Савол

Ба тағоям пул фиристодам ва ба ӯ нагуфтам, ки ин закот аст, зеро агар ба ӯ бигӯям, ки закот аст, онро намегирад. Инро байни худ ва Аллоҳ гузоштам. Оё закоти ман дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар закоти худро ба касе, ки медонед, ки ӯ мустаҳиққи он аст, ба нияти закот бидиҳед, пас он закот дуруст аст. Умедворем, ки Аллоҳ таъоло онро аз шумо қабул мекунад. Шарт нест, ки ба гирандаи он бигӯед, ки ин закот аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст. 

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто, фатвои рақами 11241