Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Хатоҳое, ки ҳангоми бастани эҳром барои ҳаҷ дар рӯзи тарвия рух медиҳад

Савол

Дар рӯзи ҳаштуми Зулҳиҷҷа (рӯзи тарвия) дар баъзе аз мардумон ду чизро мушоҳида мекунем:

1- Аз Масҷидулҳаром барои ҳаҷ эҳром мебанданд.

2- Либосҳои эҳромеро, ки барои умра пӯшида буданд, (дар ҳаҷ) намепӯшанд.

Оё ин кор дуруст аст ё хато?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин амалҳо аз ҷумлаи хатоҳоест, ки дар эҳроми ҳаҷ рӯй медиҳад. Мо онро каме бо тафсил баррасӣ хоҳем кард:

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: 

"Баъзе аз хатоҳое, ки дар эҳроми ҳаҷ дар рӯзи тарвия рӯй медиҳанд, инҳоянд:

Аввал:

Баъзе аз мардумон гумон мекунанд, ки бояд аз Масҷидулҳаром эҳром банданд, аз ин рӯ хоҳед дид, ки ӯ бо машаққат ба Масҷидулҳаром меравад, то аз он ҷо ба эҳром ворид шавад. Ин фикри нодуруст аст, чунки эҳром бастан аз Масҷидулҳаром воҷиб нест, балки суннат ин аст, ки ҳоҷӣ аз ҷои истиқоматаш барои ҳаҷ эҳром бандад, зеро саҳобагоне, ки бо дастури паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз эҳроми умра берун шуданд, сипас дар рӯзи тарвия барои ҳаҷ эҳром бастанд, барои эҳром бастан ба Масҷидулҳаром нарафтанд, балки ҳар яке аз онҳо аз ҷои истиқомати худ эҳром баст. Ин дар замони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) буд, бинобар ин ҳамин суннат мебошад. Барои касе, ки мехоҳад барои ҳаҷ эҳром бандад, суннат ин аст, ки аз ҳамон ҷое, ки қарор дорад, хоҳ дар Макка бошад ва хоҳ дар Мино эҳром бандад, чуноне ки имрӯзҳо баъзе аз мардумон ба хотири банд намудани ҷойҳояшон пешакӣ ба Мино мераванд.

Дуввум:

Баъзе аз ҳоҷиён гумон мекунанд, ки либоси эҳромеро, ки барои умра пӯшида буданд, дуруст нест, ки онро дар ҳаҷ бипӯшанд, магар ин ки онро бишӯянд. Ин ҳам фикри нодуруст аст, зеро шарт нест, ки либоси эҳром бояд нав ё тоза бошад. Албатта дуруст аст, ки ҳар қадар тозатар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст. Аммо (баъзе шахсон фикр мекунанд, ки) ҳаҷ намудан бо он либоси эҳром дуруст нест, чунки онро дар умра пӯшида буд, ин як фикри нодуруст аст. Ин буд чанде аз хатоҳои баъзе аз ҳоҷиён дар эҳроми ҳаҷ, ки ҳоло ба хотирам омад".

Сарчашма: Аз китоби "Далилу-л-ахтои-л-латӣ яқаъу фиҳа-л-ҳоҷҷу ва-л-муътамир"