Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Фазилати ҳаҷ

Савол

Оё ҳаҷҷи мабрур гуноҳони кабираро мағфират мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки мегӯяд: Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мефармояд:

«Ҳар кас ҳаҷ кунад ва бадзабонӣ накунаду гуноҳ наварзад, монанди ҳамон рӯзе мегардад, ки модараш ӯро зодааст».   Ривояти Бухорӣ (1521) ва Муслим (1350).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Умра то умра каффораи гуноҳонест, ки байни он ду содир мешаванд. Ҳаҷҷи мабрур ҷуз биҳишт дигар подоше надорад».   Ривояти Бухорӣ (1773) ва Муслим (1349).

Ҳаҷ ва дигар амалҳои солеҳ аз ҷумлаи сабабҳои маҳв шудани гуноҳонанд, модоме ки банда онро бар равиши шаръӣ анҷом бидиҳад. Дидгоҳи ҷумҳури донишмандон ин аст, ки амалҳои солеҳ танҳо гуноҳони сағираро каффорат менамоянд. Аммо барои каффораи гуноҳони кабира тавба кардан зарур аст.

Ҳадисеро истидлол намудаанд, ки Муслим онро аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Намозҳои панҷгона, ҷумъа то ҷумъа ва Рамазон то Рамазон поккунандаи гуноҳонест, ки дар миёни онҳо рух додаанд, агар аз гуноҳони кабира дур шавад».   Ривояти Муслим (1/209).

Аммо Имом Ибни Мунзир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ва гурӯҳе аз донишмандон бар ин назаранд, ки ҳаҷҷи мабрур бар асоси зоҳири он ду ҳадиси мазкур тамоми гуноҳонро каффорат мекунад.

     Аллоҳ донотар аст.

Ниг: "Фатово-л-лаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/13).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб