Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Таҳорат (вузӯ ё ғусл) бо оби Замзам

3487

Таърихи нашр : 17-07-2024

Мушоҳидаҳо : 571

Савол

Таҳорат бо оби Замзам чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар назди мо, таҳорат бо оби Замзам макруҳ нест. Тамоми донишмандон дар ҳамин назаранд, ба ҷуз Аҳмад дар ривояте. Далели мо (далели он) ин аст, ки ягон наҳйе дар ин бора собит нашудааст. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ мефармояд: «Об поккунанда аст ва ҳеҷ чиз онро наҷас (палиду нопок) намекунад».

Аммо дар мавриди манъ будани ғусл кардан бо оби Замзам, ки аз Аббос ривоят шудааст, он ривоят аз ӯ собит нашудааст.

Сарчашма: Китоби "Фатово"-и Имом Нававӣ, саҳ: 16