Ҷумъа 26 Ҷумода-л-охира 1446 - 27 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хариду фурӯши биткойн (bitcoin) чист?

Савол

Вақтҳои охир, аз ҷониби бисёр ширкатҳо муомила ва эътирофи асъори рақамӣ, аз ҷумла биткойн (bitcoin) ва дигар пулҳои рақамӣ зиёд ба назар мерасад. Ман мехоҳам ҳукми сармоягузорӣ дар биткойн (bitcoin)-ро бидонам, аммо ман аз сабаби надонистани ҳукми шариат дар ин масъала таваққуф кардаам. Ҳукми шариат дар ин бора чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Сарчашмаи ин пул ҳанӯз номаълум аст ва бо бисёре аз асрор, мушкилот ва хавфҳову хатарҳо иҳота шудааст.

Аз ин рӯ, мо ба шумо тавсия намедиҳем, то он даме ки ҳақиқати он ошкор шавад ва касоне, ки дар паси он қарор доранд, маълум шаванд, дар он сармоягузорӣ кунед.

То кунун воқеъияти ин масъала бароямон то андозае равшан нашудааст, ки оиди ин масъала фатвои шаръӣ содир кунем.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб