Ҷумъа 26 Ҷумода-л-охира 1446 - 27 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ пуле надорад вале мехоҳад аз номи каси дигар бар ивази пул ҳаҷ кунад

Савол

Марде аз номи худ ҳаҷ накардааст ва барои адои ҳаҷ маблағе ҳам надорад, оё барояш ҷоиз аст, ки пул бигирад, то аз номи мурда ё пиронсол ҳаҷ намояд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои инсон ҷоиз нест, ки аз номи каси дигаре ҳаҷ кунад, пеш аз он ки аз номи худ ҳаҷ намояд. Асос дар ин масъала ҳадисест, ки Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро шунид, ки мегуфт: "Лаббайк ъан Шубрума". Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: «Оё аз номи худ ҳаҷ кардаӣ?» Гуфт: Не. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Аввал аз номи худ ҳаҷ кун, сипас аз номи Шубрума».   Абудовуд ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро дар китоби "Ал-Ирво" (994) саҳеҳ донистааст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: "Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/50)