Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Таърифи қурбонӣ ва ҳукми он

Савол

Манзур аз қурбонӣ чист? Оё он воҷиб аст ё суннат?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қурбонӣ: Ҳайвоне аз синфи баҳимату-л-анъом (яъне шутур, гов, гӯсфанд ё буз), ки дар рӯзҳои иди Азҳо (Қурбон) ба сабаби ид ва бо мақсади наздик шудан ба Аллоҳ таъоло забҳ карда мешавад.

Қурбонӣ яке аз ойинҳои дини мубини Ислом аст, ки бар асоси китоби Аллоҳ, суннати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва иҷмои мусулмонон машрӯъ шудааст.

Далелҳои қурбонӣ аз китоби Аллоҳ:

1. Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ    (سورة الكوثر: ٢).

«Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун».   (Сураи Кавсар: 2).

2. Аллоҳ таъоло фармудааст:

قُلْ إِنَّ صَلاَتِي وَنُسُكِي وَمَحْيَايَ وَمَمَاتِي لِلّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ❁ لاَ شَرِيكَ لَهُ وَبِذَلِكَ أُمِرْتُ وَأَنَاْ أَوَّلُ الْمُسْلِمِينَ   (سورة الأنعام: ١٦٢ - ١٦٣).

«Бигӯ (эй паёмбар): "Намози ман ва қурбонии ман ва зиндагии ман ва марги ман барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён аст, ки шарике барои Ӯ нест ва ба ин (яктопарастӣ) амр шудаам ва ман нахустин мусулмононам"».   (Сураи Анъом: 162 - 163).

Калимаи "нусук" дар ин оят ба маънои забҳу қурбонӣ мебошад ва ин дидгоҳи Саид ибни Ҷубайр аст. Ва гуфта шудаст, ки "нусук" ба маънои ҳама ибодатҳо мебошад, аз ҷумла қурбонӣ, ки ин шомилтар аст.

3. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلْنَا مَنسَكًا لِيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ عَلَى مَا رَزَقَهُم مِّن بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ فَإِلَـهُكُمْ إِلَـهٌ وَاحِدٌ فَلَهُ أَسْلِمُواْ وَبَشِّرِ الْمُخْبِتِينَ    (سورة الحج: ٣٤).

«Ва барои ҳар уммате қурбониро муқаррар намудем, то номи Аллоҳро (дар ҳангоми забҳ) бар чаҳорпоёне, ки рӯзиашон кардааст, зикр кунанд. Пас, маъбуди шумо маъбуди ягона аст. Барои Ӯ таслим шавед ва ба фурӯтанон башорат бидеҳ».   (Сураи Ҳаҷ: 34).

Далелҳои қурбонӣ аз суннат (ҳадис):

1. Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (5558) ва "Саҳиҳ"-и Муслим (1966) аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки мегӯяд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ду қӯчқори сиёҳу сафедрангро бо дасти худ қурбонӣ кард ва "Бисмиллоҳ" ва "Аллоҳу акбар" гуфт ва пои худро бар як паҳлӯи гардани гӯсфандон гузошт».

2. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) даҳ сол дар Мадина зиндагӣ кард ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекард».   Ривояти Аҳмад (4935) ва Тирмизӣ (1507). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Мишкоту-л-масобиҳ" (1507) ҳасан донистааст.

3. Аз Уқба ибни Омир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳайвонҳои қурбониро байни саҳобагони худ тақсим кард ва ба Уқба як гӯсфанди шаш моҳа расид. Ӯ гуфт: Эй расулуллоҳ! Ба ман гӯсфанди шаш моҳа расид. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: «Онро қурбонӣ кун».   Ривояти Бухорӣ (5547).

4. Аз Баро ибни Озиб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар касе, ки баъд аз намози ид қурбонӣ кунад, пас қурбониаш комил шуда ва суннати мусулмононро пайравӣ намудааст».   Ривояти Бухорӣ (5545).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) қурбонӣ кард ва инчунин саҳобагонаш (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) қурбонӣ намудаанд ва ӯ ба мо хабар додааст, ки қурбонӣ суннати мусулмонон, яъне роҳу равиши онон мебошад.

Аз ин рӯ, мусулмонон бар машрӯъияти он иҷмоъ намудаанд, чуноне ки бисёре аз донишмандон ин иҷмоъро нақл кардаанд.

Аммо (дар ҳукми он) ихтилоф кардаанд, ки оё он суннати муккада аст ё воҷиб аст, ки тарк намудани он ҷоиз нест?

Ҷумҳури донишмандон бар ин дидгоҳанд, ки қурбонӣ суннати муаккада аст ва ин мазҳаби Шофеӣ ва дидгоҳи машҳури Молику Аҳмад мебошад.

Аммо дидгоҳи дигар донишмандон ин аст, ки қурбонӣ воҷиб аст ва ин мазҳаби Абуҳанифа ва яке аз ривоятҳо аз Аҳмад аст ва Шайхулислом Ибни Таймия инро баргузида, гуфтааст: Ин яке аз ду дидгоҳи мазҳаби Молик ва ё зоҳири мазҳаби Молик аст. Поёни сухан аз рисолаи "Аҳкому-л-узҳияти ва-з-закот"-и Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).

Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Қурбонӣ барои шахси қодиру тавоно суннати муаккада аст. Аз ин рӯ, инсон аз номи худ ва хонаводааш қурбонӣ мекунад".   "Фатово"-и Ибни Усаймин: 2/661.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб